Гумрукчиён аз воридоти ғайриқонунии молҳо ва маводи доруворӣ ҷилавгирӣ намуданд

Февраль 14, 2018 10:36

ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Гумрукчиёни тоҷик дар маҳаллаи Чорбоғ аз воридоти  ғайриқонунии молҳои мавриди ниёзи мардум пешгирӣ карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми азназаргузаронии бордони мошини «Мерседес –Спринтер», ки онро  шаҳрванди 27-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон М. О. идора мекард, 2,6 ҳазор килограмм либосҳои занона, ду қуттӣ маводи дорувории «INDICATION №20», «Montalin №10», «Minoxidil №6», ки ба стандарт мутобиқат намекунанд, дарёфт  ва мусодира гардиданд.

Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки маводи доруворӣ ба шаҳрванди 26-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. А. тааллуқ дошта, номбурда онро аз Айдан ном шахс, ки  шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон ном бурда мешавад, харида,  ба ҷумҳурӣ бидуни ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ интиқол додааст.

Нисбат ба шаҳрванд Ҷ. А. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида,  барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд.

 

Февраль 14, 2018 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст