Ҷилваи ҷамоли забони модарӣ. Дар Донишкадаи давлатии забонҳо Рўзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рўзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Забони модариам ифтихорам» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре аз Донишкада ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода дар бораи нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони модарӣ сухан гуфт. «Сухани ноб ва ширину шевои тоҷикӣ бори нахуст дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон аз забони Пешвои миллат садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд. Бале, ҷилваи ҷамоли забони модарӣ дар суханрониҳо ва силсилаи асару мақолаҳои Пешвои миллат завқи забондонию забономўзиро дар дили хурду калон бедор кард. Дар қалби мардуми тоҷик шуълаи тобноки муҳаббати самимона ба забони модарӣ фурўзон шуд ва дигар муҳол аст, ки боду борони рўзгорон ин шуълаи муҳаббату самимиятро хомўш гардонад», — изҳор дошт Маҳмадулло Раҷабзода.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Олимҷон Маҳмадҷонов зикр кард, ки Рўзи байналмилали забони модарӣ ҳамасола дар заминаи қарори Маҷмаи умумии созмони байналмилалии ЮНЕСКО доир карда мешавад. Имсол низ бо ибтикори раёсати донишкада ва ҷалби донишҷўёну устодони соҳибзабон, аз қабили намояндагони забонҳои чинӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, арабӣ, англисӣ, франсузӣ, ҳиндӣ, ӯзбекӣ ва туркманӣ ҳамоишӣ илмӣ баргузор гардид.
Мусаллам аст, ки Рӯзи байналмилалии забони модарӣ имсол таҳти унвони «Ҳифзи гуногунрангии забонҳо ва ташвиқу тарғиби multilingualism бо мақсади мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор» таҷлил карда мешавад ва ҳадафу мақсади он, пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба таҳқиқ ва омўзиши бисёрзабонӣ ва тадриси он дар муассисаҳои таълимии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба шумор меравад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






