Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи компютерии тафтиши имлои забони тоҷикиро ба роҳ мемонад
ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки Барномаи компютерии тафтиши имлои забони тоҷикиро ба роҳ монад.
Дар ин бора раиси Кумита Гавҳар Шарофзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ба иттилои Гавҳар Шарофзода, «имрӯз корҳо дар ин самт босамар ҷараён доранд ва тақрибан 30 млн. калима бо назардошти тамоми меъёрҳои грамматикӣ ба он ворид карда шудаанд».
Тавре маълум аст, имрӯз вақте барномаҳоро ба низоми компютерӣ насб мекунӣ, забони онҳо ба англисӣ ва қисмашон ба русӣ тарҷума шудаанд. Инро ба назар гирифта, ҳамзамон Кумита ҳамин низомро пурра ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2017 бо мақсади омӯзиши номҳои мавзеъҳои ҷуғрофӣ, ки ба талаботи забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд, кормандони Кумита дар ҳамкорӣ бо мутахассисони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарбар шуда, номҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳо, маҳаллаҳо, кӯчаю хиёбонҳоро мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор додаанд. Аз 10 295 номҳои дар таҳқиқ қарордошта 1566 номи ғайримеъёр, аз ҷумла, 836 деҳа, 58 ҷамоат, 672 номи чарогоҳҳо, кӯҳҳо, чашмаҳо, дараҳо, пулҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва дигар мавзеъҳо барои иваз пешниҳод карда шуданд. Бо дарназардошти масъалаи такрори номҳо ва номгузорӣ ба номи ашхос, ҳамчунин сарфи назар гардидан ҳангоми интихоби номи маҳалҳои аҳолинишин аз хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии ин ё он мавзеъ ва зисту зиндагонии мардум тағйири номи 50 маҳалли аҳолинишин ва ҷамоатҳои деҳотро рад намуда, 46 номи ҷуғрофӣ барои омӯзиш ва баррасӣ ба гурӯҳи кории номҳои ҷуғрофӣ пешниҳод карда шуда буд, ба номгузории 148 деҳаву маҳалҳои аҳолинишин ва 29 номи шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, 2 хонаи фарҳанг ва 3 номи кӯча (ҳамагӣ 182 адад) хулоса пешниҳод гардид, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли гузашта 91% зиёд аст.
Бино ба маълумоти масъулини Кумита, дар ин давра аз ҷониби мақомоти судӣ вобаста ба риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 319 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 60 720 сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






