Маҳмадшариф Ҳақдод ва Андрей Евдоченко дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Беларусро баррасӣ карданд

Февраль 7, 2018 10:23

ДУШАНБЕ, 07.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Андрей Евдоченко 6 феврал сурат гирифт.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо масъалаҳои гузаронидани ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва инчунин намоишгоҳи маҳсулоти беларусӣ дар Тоҷикистон дар соли 2018-ро баррасӣ карданд.

Февраль 7, 2018 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар