Муҳаммадмурод Абдураҳмонов сармураббии нави дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон интихоб шуд

Февраль 8, 2018 09:14

ДУШАНБЕ, 08.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони номдори тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои  Тоҷикистон таъйин гардид.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ӯ дар ин мақом Фахриддин Раҳимовро иваз кард.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов 29 ноябри соли 1986 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 2014 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 2003 ба дзюдо машғул аст. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалист. Дар мусобиқоти гӯштини дзюдо дар вазни аз 100 кило боло рақобат мекунад. Ӯ соли 2011 дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар Қазоқистон  ҷойи панҷум, дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоу  Чин соли 2010  ва Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инҷони Кореяи Ҷанубӣ соли 2014  ҷойҳои панҷум, дар Гран-прии Ӯзбекистон соли 2014 ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван соли 2015 ҷойи аввалро ишғол кардааст.

Хотиррасон менамоем, ки Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ду бор барандаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон (2014, 2015) гардида, як дафъа (2013) ҷойи дуюмро гирифтааст. Инчунин ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов (2014) мебошад.

Февраль 8, 2018 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад