МУҚАРРАРОТИ ИДМ: Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин дар солҳои 2018-2021 дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад

Февраль 12, 2018 10:14

ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри  рушди гӯштини миллӣ ба Котиботи Иттиҳоди давлатҳои мустақил дархост пешниҳод намуд. Дар  асоси дархости мазкур тибқи  Барномаи рушди намудҳои варзиши миллии давлатҳои узви ИДМ баргузории Мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба гӯштин дар солҳои 2018-2021 дар Тоҷикистон муқаррар карда шуд.

Дар ин бора раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар Соли ҷавонон зиёда аз  12 мусобиқаи байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла, Ниммарафони байналмилалии Душанбе-2017, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасони то 14-сола, Чемпионати Осиё оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасони то 14-сола, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон, Мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон оид ба теннис байни бонувони калонсол дар гурӯҳи дуюми қитъаи Осиё ва Уқёнус, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Чемпионати Осиё оид ба муҳорибаҳои универсалӣ (UNIFAIT) ва 4 мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди муҳорибаи омехта дар сатҳи баланд баргузор карда шуданд. Дар онҳо варзишгарон аз кишварҳои Бразилия, Россия, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина ва Беларус ширкат варзиданд.

Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки моҳи августи соли равон баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нақша гирифта шудааст, ки пурра аз ҳисоби  буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

 

Февраль 12, 2018 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад