Мутахассисони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо таҷрибаи қабул ва хизматрасонии сайёҳӣ дар Туркия шинос мешаванд

Февраль 10, 2018 11:23

ДУШАНБЕ, 10.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо таҷрибаи қабул ва хизматрасонии сайёҳии Туркия шинос мешаванд. Дар ин бора Менеҷер оид ба кишварҳои Осиёи Марказии ширкати бузурги сайёҳии Туркия “HEKAR TRAVEL” Туркар Гюртен  зимни мулоқот бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода изҳори назар намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин самтҳои ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳони Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ба доираҳои сайёҳӣ ва ВАО-и Туркия, таҳияи маводи иттилоотӣ ва ҷалби сармоягузорони туркӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ба намояндаи ширкат оид ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, имкониятҳои бузурги сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Намояндаи ширкати туркӣ аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони Туркия ба мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон баён дошт.

Февраль 10, 2018 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад