ОБУ ҲАВО: имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 20 дараҷа гарм мешавад

Февраль 23, 2018 08:41

ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, вазиши шамол дар баъзе ноҳияҳо ба 13-18 метр дар як сония мерасад.

Имрӯз, 23 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-6 дараҷа ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 11-16 дараҷа сард ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, рӯзона шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 4-6 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешбинӣ мешавад. Ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр дар назар буда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 23, 2018 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад