ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва фаромадани туман дар назар аст
ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар бештари ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.
Имрӯз, 22 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-2 дараҷа ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 15-20 дараҷа сард ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, туман мефарояд. Рӯзона шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорат шабона 1-4 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр дар назар буда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






