ОГОҲИИ ОБУҲАВОШИНОСОН: тӯли 3 рӯзи охир баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва боришоти зиёди барф пешбинӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки дар робита ба ноустувор шудани вазъи обу ҳавои мамлакат рӯзҳои наздик боришоти зиёди борон ва дар баландиҳои 2000 метр боридани барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Тавре аз Агентӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, пагоҳ, 27 феврал дар натиҷаи боришоти зиёде, ки ба дарёҳои қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯ ҷорӣ мешаванд, баландшавии якбораи сатҳи об дар назар аст.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонон муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки дар ноҳияҳои мазкур ва вилоятҳои Суғду Хатлон хеле эҳтиёткор бошанд.
Тавре зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумита Умеда Юсуфӣ баён дошт, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳҳо, махсусан дар ағбаҳо пеш аз сафар сокинонро зарур аст, ки воситаҳои нақлиёти худро бори дигар санҷанд. «Ғайр аз ин аз шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, Кумита муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки аз ҷамъоварии ҳезумҳо ва баромадан ба шикор худдорӣ намоянд. Инчунин аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки дар 3 рӯзи охир аз моҳидорӣ дар дарёҳои мазкур худдорӣ намоянд»,-афзуд Умеда Юсуфӣ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд






