Озмуни беҳтарин роҳбалад ва акси манзараҳои Тоҷикистон иштирокчиёни фаъолро интизор аст
ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни ҷумҳуриявӣ эълон менамояд.
Ба иттилои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, озмун аз бахшҳои расми беҳтарини манзараҳои Тоҷикистон, сомонаи беҳтарини сайёҳӣ, роҳбалади беҳтарин ва видеоролики беҳтарин, ки муҳтавои имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро инъикос мекунад, иборат мебошад.
Дар бахши беҳтарин расми манзараҳои Тоҷикистон расми гирифтаи иштирокчии озмун бо риояи ҳуқуқҳои муаллифӣ роҳ дода мешавад. Расмҳо бояд андозаи калон ва сифати баланди на камтар аз 10 мегапикселӣ дошта бошанд. Ҳар иштироккунанда метавонад то даҳ акс пешниҳод намояд.
Дар бахши сомонаи беҳтарини сайёҳӣ сомонаҳое ба озмун роҳ дода мешаванд, ки дар онҳо муҳтавои соҳаи сайёҳӣ, аз қабили ҷалби сайёҳон, хизматгузориҳои сайёҳӣ, муаррифии гӯшаҳои зебоманзари мамлакат ба сайёҳон ва амсоли он бо забонҳои русиву англисӣ ва давлатӣ дарҷ ёфта бошанд.
Дар бахши роҳбалади беҳтарин шахсоне қабул карда мешаванд, ки вобаста ба ин ё он самт, мавзуъ, объект, ёдгории таърихӣ, осорхона ва амсоли он, ки ба фаъолияти муошират бо сайёҳон нигаронида шудааст, барномаи муаррифӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ ва давлатӣ пешниҳод менамоянд.
Ҳамчунин дар бахши видеоролики беҳтарин наворҳои видеоии то 5 дақиқагие, ки муҳтавои муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро бо инъикоси одамон, урфу одат, манзараҳои зебо, ёдгориҳои таърихӣ, биноҳои боҳашамат ва амсоли онро дар равиши HD инъикос мекунанд, мавриди корбарӣ қарор дода мешаванд.
Муҳлати қабули мавод то 28 августи соли равон муайян шудааст.








Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад






