Ҷасади чор нафар ҳалокшудагони сӯхтори шаҳри Красногорски вилояти Москва ба зодгоҳашон интиқол дода шуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷасади чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 28 январи соли равон дар натиҷаи сӯхтор дар ошёнаи 6-уми яке аз манзилҳои бинои баландошёнаи шаҳри Красногорски вилояти Москваи Федератсияи Россия ба ҳалокат расида буданд, ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Бо мусоидати намояндагӣ аз ҳамватанон барои пардохти хароҷоти омодасозии ҷасадҳо барои интиқол маблағ ҷамъоварӣ гардида, тибқи муқаррарот, ҷасадҳо тавассути ҳавопаймои ширкати «Тоҷикэйр» ба таври ройгон интиқол дода шуданд.
Дар ин бора сардори Маркази матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр кард, ки ҳамаи ҳалокшудагон — Анвар Холбоеви 48-сола, Беҳзод Холбоеви 13-сола (писари Анвар Холбоев), Муслима Неъматоваи 48-сола ва Аббосбек Чориеви 6 -сола зодагони ноҳияи Шаҳринав буда, дар манзили истиқоматии оташгирифта иҷоранишин будаанд.
Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки айни замон ду нафар шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки дар натиҷаи ин сӯхтор ҷароҳат бардоштаанд, дар беморхонаҳои шаҳри Москва бистарӣ мебошанд. Асадбек Чориеви 4-сола дар беморхонаи Любертс ва Парвина Рузиматоваи 24-сола, ки рӯзи сар задани сӯхтор ба ин макон ба меҳмонӣ омада буд, дар беморхонаи Карбишев зери назорати табибон қарор доранд.
Тибқи иттилои табибон, вазъи саломатии Асадбек каме беҳтар гардида, Парвина ҳанӯз ҳам дар ҳолати вазнин қарор дорад.
«Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия фавран ба ҷойи ҳодиса рафта, сабаби сар задани сӯҳторро мавриди омӯзиш қарор дод. Бо Шоирахон Холбоева, ҳамсари Анвар Холбоев телефонӣ дар тамос шуда, барои омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ мусоидат намуд. Дар суҳбат Шоирахон Холбоева иброз дошт, ки сабаби сар задани сӯхтор эҳтимол расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ бошад. Номбурда алҳол барои иштирок дар маросими дафни ҳалокшудагон дар ноҳияи Шаҳринав қарор дорад», — афзуд Иброҳим Аҳмадов.
Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки айни замон Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти консулӣ бо муфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими шуъбаи Кумитаи тафтишотии шаҳри Красногорск Антон Нефедов мулоқот намуда, сабабҳои мушаххаси сар задани сӯхторро муайян менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-пояи устувори мафкураи сиёсӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ
Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»






