Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Қатар мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврали соли 2018 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири давлатии корҳои хориҷии ин кишвар Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои Тоҷикистон ва Қатар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза бо чолишҳои амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, бахусус аҳамияти тақвияти муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризму ифротгароӣ табодули назар намуданд.
Сафир даъватномаи ҷониби Тоҷикистонро ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии «Мубориза бар зидди терроризм ва радикализм», ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, супорид. Даъватнома бо арзи сипос пазируфта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






