Саидмукаррам Абдуқодирзода ба рӯзноманигорони турк: наҳзатиён аз некбиниҳои Ҳукумат суиистифода карданд…
ДУШАНБЕ, 01.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. 31 январи соли 2018 дар шаҳри Истанбул мусоҳибаи Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо хабарнигорони шабакаи давлатии телевизионии “ТРТ”, рӯзномаи бахши форсӣ ва туркии агентиии давлатии “Анадолу” ва хабарнигори бахши туркии рӯзномаи “Спутник” баргузор гардид. Дар ин бора аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Дар мусоҳиба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо пешниҳоди рӯзноманигорони турк оид ба ҳамкорӣ миёни Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диёнати Ҷумҳурии Туркия изҳори назар намуда, дар мавриди пешгирии амалҳои тахрибкоронаи ташкилоти террористии ҲНИТ ва созмони Фатҳуллоҳ Гӯлен аз ҷониби мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ пешниҳод кард. Дар ин росто муфтии Тоҷикистон зикр намуд, ки гурӯҳи террористии наҳзат ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри гузашта, бо истифода аз номи Ислом зери пӯшиш фаъолияти харобкориашро оғоз кард. Инчунин Абдуқодирзода тазаккур дод, ки дере нагузашта, чеҳраи воқеии наҳзат ошкор гардид. Ӯ изҳор намуд, ки аъзои созмони террористии мазкур, ки қаблан дар Афғонистон таълими низомӣ гирифта буданд, бо мақсади ғасби ҳукумати Тоҷикистон даст ба амалиёти мусаллаҳона заданд. Ҳамин тартиб, муфтӣ тазаккур дод, ки ҳаводорони созмони террористии наҳзат миллати осоиштаи тоҷикро ба ҷанг кашида, дар натиҷа 150 ҳазор нафар мардуми шарифи Тоҷикистонро бераҳмона ба қатл расониданд.
Рӯзноманигорони турк аз амалҳои террористии наҳзат ба ҳайрат омода, суол карданд, ки чаро Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти минбаъдаи наҳзат иҷозат доданд?
Дар ҷавоб С.Абдуқодирзода тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қатъ намудани ҷанг дар кишвар ба наҳзатиҳо иҷозат дод, ки фаъолияташонро дар доираи қонун ба роҳ монда, дар пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд. Муфтӣ таъкид намуд, ки муттассифона, аъзои ташкилоти мазкур аз некбинии Ҳукумат суиистифода намуда, дубора ба мардуми шарифи Тоҷикистон хиёнат карданд. Қайд карда шуд, ки ҷонибдорони наҳзат сентябри соли 2015 ба табаддулоти низомӣ даст заданд, ки хушбахтона, ин маротиб халқи тоҷик сари вақт ба онҳо ҷавоби зарурӣ дод.
Ба ҳамин тартиб, Раиси Шӯрои уламо таъкид намуд, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди миллати тоҷик наҳзатро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон намуд. Изҳор гардид, ки дар натиҷаи ҳамкории судманд миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистону Туркия фаъолияти душманонаи аъзои наҳзат дар қаламрави Туркия қатъ гардида, ҷонибдоронаш аз ҷумҳурӣ берун карда шуданд.
Дар анҷоми мусоҳиба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо пешниҳоди рӯзноманигорон дар мавриди вазъи имрӯзаи Қудс ва амалиёти низомии Туркия дар шаҳри Африни Сурия низ изҳори назар намуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






