Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуд

Февраль 2, 2018 11:32

ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.

Дар мулоқот доир ба густариши ҳамкории дуҷонибаи байниҳукуматӣ  дар соҳаҳои  иқтисоду тиҷорат, энергетика, роҳу нақлиёт, илму фарҳанг  ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули  афкори судманд сурат гирифт.

Аз имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар  соҳаҳои гуногун, ки ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байниҳукуматӣ замина мегузоранд, бо хушнудӣ истиқбол карда шуд.

Ҳарду ҷониб барои рушду тавсеи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ  ва ба манфиати мардумони ҳар ду давлат изҳори омодагию ҳавасмандӣ намуданд.

 

 

Февраль 2, 2018 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд