«СОАТИ ПАРЛУМОНӢ»: сил бемории ҷаҳонист, аз ин рӯ чораҳои ҷавобии ҷаҳониро тақозо дорад

Февраль 28, 2018 08:27

ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи 15 соли охир –солҳои 2000-2015  дар ҷаҳон аз бемории сил 33 миллион нафар одамон фавтидаанд. Ин нуктаро  вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Ашӯрова дар «Соати парлумонӣ», ки дирӯз дар мавзӯи  «Вазъи бемории сил дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Душанбе доир гардид, баён  намуд. «Соати  парлумонӣ» бо ташаббуси кумита оид ба масъалаҳои  иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон гузаронида шуда, таҳти раёсати муовини  Раиси Маҷлиси намояндагон Хайриниссо Юсуфӣ сурат гирифт.

Дар он зикр шуд, ки сил бемориест, ки инсон аз он тавассути  бактерия сироят меёбад. Он  ҳангоми сулфидан ё атса задани бемор тавассути сироятёбии ҳавоию қатравӣ паҳн мегардад. Гуфта шуд, ки сил бемории табобатшаванда буда, гирифтори он метавонад пурра шифо  ёбад. Сил бемории ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, бинобар ин, чораҳои ҷавобии ҷаҳониро тақозо менамояд.

Соли равон сарони кишварҳои ҷаҳон дар маҷлиси якуми сатҳи олӣ оид ба бемории сил, ки таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид  барпо мегардад, ҷамъ меоянд ва дар он масъалаҳоро оид  ба мубориза бар зидди бемории сил матраҳ хоҳанд кард.

Дар ҷаласаи «Соати парлумонӣ» ҳамзамон мутахассисони соҳа  доир ба роҳҳои мубориза бар зидди бемории сил дар ҷумҳурӣ табодули назар карданд.

Февраль 28, 2018 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид