Тадқиқот ва гузоришҳои Маркази тадқиқоти стратегӣ тибқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Стратегияи рушди миллӣ то соли 2030» роҳандозӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо марказҳои таҳлилии кишварҳои хориҷӣ, назири Федератсияи Россия, Қазоқистон, Чин, Корея, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, марказҳои тадқиқоти стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша тақвият бахшида, робитаҳои хуби корӣ ва илмӣ ба роҳ мондааст. Ин матлабро муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров 2 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе зикр намуд.
Таъкид гардид, ки тамоми тадқиқот ва гузоришҳои кормандони Марказ соли 2017 ба амалишавии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Стратегияи рушди миллӣ то соли 2030» нигаронида шуда, ба вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ гузошташуда мутобиқат доранд.
Ҳамзамон Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни донишгоҳҳои мамлакат замина ва имконоти хуби таҷрибаомӯзӣ дорад. Ин аст, ки соли 2017 наздик ба сад нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 45 нафар аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, 58 нафар аз Донишгоҳи славянии Росияву Тоҷикистон, 14 нафар аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, 20 нафар аз Донишгоҳи идоракунии давлатӣ, 31 нафар аз филиали Донишгоҳи давлатиии Москва ба номи М. Ломоносов, дар маҷмӯъ беш аз 270 нафар донишҷӯ дар Маркази мазкур таҷриба омӯхтанд.
Бояд тазаккур дод, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро ба ҳайси яке аз ниҳодҳои таҳлилӣ ва машваратии ҷумҳурӣ бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






