Қурбон Ҳакимзода: «Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ беш аз 12 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуд»

Февраль 1, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Агар ба таҳлилҳо нигоҳ кунем, тайи якчанд соли охир 42 нафар кормандони Кумита дар 42 ҳолат ба корупсия даст задаанд, ки қисмати зиёди онҳо аз кор ронда шуданд. Нисбат ба ин масъала дар Кумитаи давлатӣ Комиссияи алоҳида таъсис дода шудааст, ки тибқи он мубориза бо коррупсия  пурзӯр карда шудааст. Ин матлабро раиси Кумитаи  давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода имрӯз  зимни нашасти матбуотӣ иброз дошт.

Ба гуфтаи Қурбон Ҳакимзода, дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат бо коррупсия ба таври доимӣ супоришҳои зарурӣ дода мешаванд.

Дар нишаст зикр карда шуд, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва мақомоти он  дар маҳалҳо назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода  бурдани майдонҳо соли гузашта боз ҳам пурзӯр намуда, 12 ҳазору 911 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуд. Инчунин зикр карда шуд, ки зимни  санҷишҳои назоратӣ 100 адад қарорҳои ғайриқонунӣ бекор карда шуданд.

 

Февраль 1, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад