ҲУШДОРИ ОБУҲАВОШИНОСОН: то 17 феврал дар роҳҳои автомобилӣ яхбандӣ ва фаромадани тарма пешбинӣ мешавад

Февраль 16, 2018 08:08

ДУШАНБЕ, 16.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 17 феврали соли равон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр) эхтимоли фаромадани тарма ва сангреза дар назар буда, дар роҳҳои автомобилӣ яхбандӣ пешбинӣ мешавад.

Тавре сухангӯи Кумита Умеда Юсуфӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» зимни суҳбат иброз дошт, дар дарёҳои аз қаторкӯҳи Ҳисор ҷоришаванда, инчунин дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу баландшавии сатҳи об дар назар аст. «Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандон муроҷиат карда, хоҳиш мекунад, ки аз сафар намудан бо роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Хоруғ-Мурғоб муваққатан худдорӣ намоянд».

Ба гуфтаи Умеда Юсуфӣ, наҷотдиҳандагони Кумита 15 феврал дар километри 69-уми шаҳри Душанбе дар натиҷаи фаромадани тарма ду мошин зери тарма мондаанд, ки наҷотдиҳандагони Кумита 7 нафарро аз марг наҷот доданд.

Дар ҳамин ҳол сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки шурӯъ аз бегоҳии 14 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои намнок аз минтақаҳои ҷанубу ғарб ба ҷумҳурии мо дохил шуд ва боиси ноустувор гардидани вазъи обу ҳаво дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ гардид. «То имрӯз баландии барф дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ то ба 79 см расида, дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд баландии барф дар баландкӯҳҳо то 43-45 см  расид. Дар ағбаи Анзоб баландии барф ба 86 см баробар шуд.

Ба иттилои ӯ, чунин вазъи ҳаво то 16 феврал давом карда, аллакай рӯзи 16 дар қисми зиёди ҷумҳурӣ ҳаво бебориш хоҳад гашт. Ва эҳтимолияти шиддат гирифтани боришот 20 феврал пешгӯӣ карда мешавад, вале рӯзи 21 феврал боришот қатъ мегарданд.

«Дар рӯзҳои наздик ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, вале рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар доманакӯҳҳо аз 4 дараҷа хунук  то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар вилояти Суғд гарчанде ҳаво  бебориш аст, ҳарорат шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона боридани боришот пешгӯӣ карда мешавад. Дар ВМКБ қатъ гардидани бориши борон дар назар аст. Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, асосан бебориш хоҳад буд»,-иброз дошт Ҷамила Байдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

 

Февраль 16, 2018 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-пояи устувори мафкураи сиёсӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ
Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»