ҲУШДОРИ ШИРКАТИ IRS: «Боришоти бардавоми барф идома дорад ва ронандагон бе омодагии ҷиддӣ ба сафар набароянд»

Февраль 15, 2018 16:28

ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тайи чанд рӯзи охир   дар шоҳроҳи мошингарди   Душанбе – Чаноқ, алалхусус аз километри 47 то 160-уми  он  боридани  барф идома дорад. Новобаста аз боришоти бардавоми барф  ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мазкур  таъмин аст.

Тавре аз  Маркази матбуоти филиали Ширкати  саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   бо дарназардошти ҳолати мавҷуда, кормандони филиали ширкати  мазкур  ҷиҳати таъмини ҳаракати муназзаму бемонеаи воситаҳои нақлиёт  дар ин  роҳ   тадбир    меандешанд. Бо ин мақсад ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ  ташкил шуда, кормандони филиал  дар маҳалле, ки боришот нисбатан шадид аст, қарор дошта, роҳро  мунтазам бо маводи зиддилағжиш коркард  менамоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки  шабонарӯзи гузашта танҳо дар минтақаи Варзоб зиёда аз 40 техникаи филиали Ширкат беист   фаъолият дошта, алҳол ҷараёни тозасозии роҳ  идома дорад. Ба ин монанд дар намояндагиҳои  филиали Ширкат дар  минтақаҳои Зарафшон ва Суғд низ кормандон  бо ҷалби техникаҳои пуриқтидор барои нигоҳдории роҳ  фаъолият доранд.

Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагону мусофиронро  дилпур   месозад,  ки ба мавсими сармо омодагии  ҷиддӣ гирифта,   барои таъмини фаъолияти мунтазам дар роҳи Душанбе –Чаноқ    ба миқдори зарурӣ қум, намак, сўзишворӣ, ангишт ва ҳезум захира намудааст.

Ҳамчунин кулли техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон аз 181 адад  зиёд аст, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Илова бар ин, бо ибтикори роҳбарият дар хонаҳои устои роҳ, ки марбут ба филиали Ширкат мебошанд, барои муваққатан ҷойгир намудани онҳое, ки бинобар иллат пайдо намудани воситаи нақлиёт дар роҳ дармондаанд, шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ба ғайр аз ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат бо шумораи   487011020 фаъол аст, ки тавассути он тамоми муроҷиатҳо қабул ва дар ин замина тадбирандешӣ  сурат мегирад.

Бо вуҷуди ин табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки аксар вақт инсон дар қиболи он оҷиз аст. Шоҳиди он ҳастем, ки ҳатто кишварҳои пешрафтаи олам дар баробари чунин офатҳои табиӣ ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардида, ба ҳаёти инсонҳо латма ворид мегардад.

Мутаассифона,   бо вуҷуди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, як идда ронандагон бе омодагӣ (манзур набудани занҷир, аз ҷиҳати техникӣ комил набудани воситаи нақлиёт ва ғайра) ба роҳ мебароянд. Дар натиҷа чунин ронандагон дар роҳ ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардида, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт  монеа эҷод менамоянд.

Шаҳрвандонро зарур аст, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  риоя намуда,  ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд!

Филиали Ширкат  аз ронандагоне, ки    тариқи роҳи  мошингарди Душанбе — Чаноқ  ба сафар мебароянд, хоҳиш менамояд, ки  тавсияҳои ниҳодҳои дахлдорро    (дар ҳолати хуб қарор доштани воситаҳои нақлиёт, бо худ доштани таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш, яъне занҷир, болиштаки зиддилағжиш, аломати исти садамавӣ)  дар мадди назар дошта,  бидуни омодагии ҷиддӣ ба   сафар набароянд.

 

 

 

Февраль 15, 2018 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд