Вакилони Парлумони Тоҷикистон шартҳои пардохти кумакпулӣ барои бекориро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Ҳилолбӣ Қурбонзода зикр намуд, ки мақсади пешниҳоди тағйиру иловаҳо мутобиқ намудани шартҳои пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ ба принсипҳои суғуртавӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» пешбинӣ менамояд ва тақвияти низоми назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мебошад.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»-ро баррасӣ намуданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






