Забони таҳсил дар ихтисоси рӯзноманигории телевизион, саёҳат ва меҳмондории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон пурра англисӣ шуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода соли 2017 ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, кафедраҳои бойгоншиносӣ ва технологияи иттилоотӣ, фортепиано ва гузориши овоз таъсис дод. Дар ин бора ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Хайриддин Идиев имрӯз зимни нишаси матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Ба иттилои номбурда, Донишкада аввалин фестивали байналмилалии «Садои дилрабои Арғунун»-ро доир намуд, ки дар он арғунуннавозони маъруфи Тоҷикистон, Россия, Германия ва Қазоқистон иштирок намуданд.
“Аз аввали феврали соли равон дар ихтисоси рӯзноманигории телевизион, саёҳат ва меҳмондорӣ забони таҳсил пурра англисӣ шуд, ки ин дар кори омода намудани беҳтарин мутахассисони соҳа таъсири назаррас мегузорад”,- гуфт ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






