АМИТ “ХОВАР” ИНШООТҲОИ АЗИМИ ТОҶИКИСТОНРО МУАРРИФӢ МЕКУНАД: «Кохи Наврӯз» — ганҷинаи тамаддун, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик

Март 30, 2018 16:34

Бунёди меҳмонхонаҳои ҳозиразамон дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо, марказҳои фароғату истироҳат боиси боло рафтани мавқеи кишварамон дар соҳаи сайёҳӣ гардида, шумораи сайёҳон ба мамлакат торафт меафзояд.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 30.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таърих, тамаддун ва фарҳангу ҳунармандии ҳар миллатро метавон аз тарзи меъмории биноҳои он баҳо дод. Зеро ҳар меъмор дар ҳар давру замон бо назардошти вазъи вақт ва гузаштаи миллати худ лоиҳа кашида, бино бунёд мекунад, ки он аз як аср ба асри дигар ба мерос гузашта, аз таърихи давлатдории он халқият шаҳодат медиҳад. Инчунин меъморӣ ва ҳунарҳои қадимии дастӣ боиси ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат мегардад. Дар ин самт яке аз меъмориҳои асри 21, ки дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол- шаҳри Душанбе мавҷуд мебошад, ин Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳё ва рушди таъриху маданияти бой ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик бунёд карда шуд. «Кохи наврӯз»- ро метавон ганҷина ё худ осорхонаи таърих, тамаддун, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик номид, зеро он калонтарин кох дар ҷаҳон мебошад.

 Барои пешниҳоди маълумоти бештар дар бораи ин бинои муҳташам хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сармеъмори Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии  «Кохи Наврӯз» Самӣ АЗИЗИЁН ҳамсуҳбат шуд, ки онро пешкаши хонандагони сомона мегардонем:

— Муҳтарам Самӣ Азизиён, пеш аз ҳама мегуфтед, ки ғояи бунёди чунин кохи муҳташам чӣ гуна ба миён омад?

— Бо мақсади ҳифз ва гиромидошти ҳунарҳои миллии тоҷикон, ки аз насл ба насл гузашта, то ба мо расидаанд, соли 2007 бо маблағгузории   Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ориёнбонк» дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  чойхонаи «Хуррамшаҳр» бунёд намудем.  Бояд гуфт, ки чойхонаи мазкур он замон дар Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб меёфт. Аз  ҷараёни сохтмони он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  боздид намуда, дастур доданд, ки чунин чойхона бояд дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе низ сохта шавад. Ин дастури Сарвари давлати тоҷикон, пеш аз ҳама, аз он шаҳодат медиҳад, ки гиромидошти таъриху фарҳанг ва расму ойини миллати тоҷик дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад ва он кас дар ин самт пайваста тадбирандешӣ менамоянд.

  

 —  Ба бунёди ин маҷмааи бошукуҳ  кай оғоз намудед?

— Баъди дастури созанда ва таърихиву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дарҳол корҳои лоиҳакаширо оғоз намудем. 19 марти соли 2009 дар арафаи таҷлили иди Наврӯз   дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарвари давлат хишти аввали сохтмони чойхона гузошта шуд. Бояд гуфт, ки маблағгузории сохтмони чойхонаи мазкур низ аз тарафи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ориёнбонк» сурат гирифт.

 — Корҳои сохтмонӣ чанд сол идома ёфтанд?

— Корҳои сохтмонӣ 5 сол идома ёфта, аз  ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  корпоратсияи «Сомон Душанбе» ва дигар ширкатҳои ватанӣ амалӣ карда шуданд. Ҳамин тавр,  12 сентябри соли 2014 зимни баргузории ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки роҳбарони давлатҳои аъзо ва нозир бинои «Кохи Наврӯз» расман ба истифода дода шуд.

 — Сохтмони бино аз аввал ҳамчун кох ба нақша гирифта шуда буд? 

— Не, Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии  «Кохи Наврӯз» қаблан ҳамчун чойхонаи бузургтарин дар Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шуда буд. Дар ҷараёни сохтмон он ба як қасри бошукӯҳи таърихиву фарҳангӣ, осорхонаи маданиву ҳунарҳои мардумӣ табдил ёфт ва  шакли имрӯзаро гирифт, ки дар ҷаҳон назир надорад.

 — Чаро маҷмаа «Кохи Наврӯз» номгузорӣ шуд?

— Тавре Пешвои миллат ҳамеша дар суханрониҳои худ зикр менамоянд:  «Наврӯз нифоқу низоъ ва бераҳмиву бешафқатиро аз қалби одамон дур месозад ва дар вуҷуди инсонҳо эҳсоси дӯстиву бародарӣ, меҳру шафқат, эҳтирому садоқат ва ҳамёриву ҳамзистиро зиёдтар намуда, ба ҳар фард аз рӯзи неку зиндагии беҳин мужда мерасонад». Аз ин хотир бино  «Кохи Наврӯз» номгузорӣ карда шуд, то дар байни мардум дӯстиву меҳру шафқатро зиёд ва Ваҳдату ҳамдилиро пойдор намояд.

Бинои «Кохи Наврӯз» чӣ гуна шакл дорад?

—  Бино бо шакли тоҷ сохта шудааст, ки он нишон аз тоҷдорӣ, сарбаландӣ, соҳибдавлатӣ ва баргузидагии миллати тамаддунофари тоҷик мебошад.

 — Дар ду паҳлӯи даромади асосии «Кохи Наврӯз» расмҳо ҷой дода шудаанд. Онҳоро шарҳ медодед. 

— Мана ин расм, ки «Таърихи давлатдорӣ» ном дорад, ба хотири зинда нигоҳ доштани таърих аз замони Авасто, Куруши Кабир ва Ориён бо нишонаҳо аз тахти Ҷамшед тасвир  шудааст. Аз боло ба поён нишони Аҳурамаздо, расми духтар, ки  аз Панҷакенти қадим -Саразм ёфт шудааст ва расми тақдим кардани савғо ҷой дода шудааст. Он вақт чун анъана шоҳон ба шоҳаншоҳ ҳадя меоварданд.

Дар расми «Ҳувияти миллӣ» рақси занон ва парвози кабӯтарон ҷой дода шудааст, ки он рамзи  сулҳу осудагӣ дар Ватан ва озодии занон  мебошад.

Ана ин расм чаро  «Амнияти озуқаворӣ» номгузорӣ шудааст?    

— Тавре маълум аст, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин  таъмини  амнияти озуқаворӣ мебошад. Дар ин расм фаъолияти деҳқонон дарҷ гардидааст, ки он нишон аз боғдору зироатпарвар, моҳипарвар ва чорводор будани мардуми мост.

— Тасвири «Нури истиқлол» чӣ  маънӣ дорад?

— Маънии асосии ин расм дар он аст, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардони кишварамон   низ  ҳадафҳои дигари стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Инчунин дар ин расм рақс ва сурудхонии занон (рамзи озодӣ, оромӣ ва хурсандӣ), нақбҳои дар даврони истиқлолият ба истифода додашуда (“Истиқлол”, “Озодӣ”, “Шар-шар”, “Дӯстӣ” ва “Шаҳристон”), ифтитоҳи неругоҳҳои обию барқӣ, дуои мӯйсафед (нишон аз эҳтироми калонсолон), даст пеши бар мондани ҷавон (нишони омодагии ӯ барои садоқат ба халқи худ ва омодаи меҳнати софдилона буданаш дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат) нишон дода шудаанд. Ҳамзамон дар ин расм занон дар даст нону ширинӣ доранд, ки ин нишони меҳмоннавозию инсондӯстии халқи тоҷик мебошад.

 -Муаллифи ин чор асар, ки Шумо шарҳ додед, кӣ аст?

— Муаллифи ин чор асар, ки ба образ дароварда шуда, ҳаккокӣ гардидаанд, рассоми машҳури тоҷик Комил Ёдгоров мебошад.

 — Чунин шакл гирифтани намои берунӣ-даромади асосии «Кохи Наврӯз» идеяи Шумо буд?

 — Бояд зикр намоям, ки ин бо дастур ва ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд омадааст. Зеро Сарвари давлат мамлакати кӯҳӣ, дорои пиряхҳои азим ва захираи бойи обӣ, олами ҳайвоноту набототи нодир ва гиёҳҳои шифобахш будани Тоҷикистонро ба инобат гирифта, маҳз ҳамин шаклро интихоб намуданд.

Ана бинед (расмро нишон медиҳад), дар ин ҷо қуллаи баланди барфпӯш ва шаршара ҷойгир шудаанд, ки  шаҳодати гуфтаҳои боло мебошанд. Яъне шаршара гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон  дорои захираҳои бойи обӣ дар Осиёи Марказӣ ва ташаббускори иқдомҳои  байналмилалӣ дар соҳаи об дар сатҳи ҷаҳон мебошад.

 Масоҳати умумии бино чӣ қадар аст?  

Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» дар маркази пойтахти Тоҷикистон—шаҳри Душанбе дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад. Он аз 5 ошёна иборат буда, дар масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъ доман густурдааст. Кох бо санъати волои тоҷикӣ — гаҷкорӣ, оинабандӣ, наққошӣ, кундал, кандакорӣ, сангтарошӣ, чӯбкории ҳунармандони тоҷик оро ёфтааст. Ҳамчунин 4 айвончаи тобистона  ва фаввораҳои рангаи хурду бузург ба бино шукӯҳу шаҳомат мебахшанд.

 — Дар миёни ҳунарҳое, ки дар боло зикр кардед, кундал гуфтед. Ин чӣ гуна ҳунар аст?

  — Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш  зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони аҳли зиёи мамлакат иброз доштанд:  «… дар мисоли як ҳунари нодир – кундалкашӣ ё кундалсозӣ садҳо рангу нақшу нигор мушоҳида мегарданд ва хушбахтона, ин ҳунари нафису дилкаш дар кишвари мо хеле инкишоф ёфтааст».

 — «Кохи Наврӯз» чанд толор дорад?

 — Кох дорои 15 толор мебошад.

 — Толорҳои асосияш кадомҳоянд?

 — Толорҳои асосӣ  — «Зарандуд», «Гулистон», «Дидор» ва «Аржанг» ном доранд.

 — Аҷиб, ин номҳои зебо аз ҷониби кӣ гузошта шудаанд?

— 19 марти соли 2015 зимни мулоқоти навбатии Пешвои миллат   бо аҳли зиёи мамлакат  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зиёиён даъват ба амал оварданд, ки ин толорҳои зебову барҳаворо номгузорӣ кунанд. Ҳамин тариқ аз миёни номҳои пешниҳодии сершумори зиёиён  чор номи дар боло овардашуда интихоб гардиданд.

— “Зарандуд” чӣ гуна толор аст?- Толори бошукӯҳу барҳавои «Зарандуд»     яке аз калонтарин толорҳо  ба ҳисоб меравад. Он 1000 метри мураббаъ масоҳат дошта, бо санъати гаҷкорӣ, гаҷкорӣ дар рӯйи оина ва тиллокорӣ ороиш дода шудааст. Баландӣ, дарозӣ ва паҳноии он 36 метрӣ мебошад.  Қутри қандиле, ки дар он мавҷуд аст, 10 метр ва баландияш 22 метр буда, зиёда аз 6 ҳазору 700 килограм вазн ва 1 600 чароғаки каммасраф ва технологияи махсусе дорад, ки барои тоза кардан, иваз кардани чароғакҳо ва дигар корҳои техникӣ поён мефарояд ва ба боло мебарояд. Толори мазкур 16 андар 16 ва 16 мебошад.

— Яъне чӣ хел?

Яъне дар толор 16 сутуни баландияш 16-метра мавҷуданд, ки дар болои онҳо 16 нимгунбаз ҷой дода шудаанд. Инчунин дар он 16 – тоии дигар  карнай, ҳавокаш, меҳроб, гунбаз, арк ва тиреза мавҷуд мебошанд, ки ҳар кадоми  инҳо рамзе доранд.

— Чӣ  рамзҳо?

 — Барои мисол, рамзи Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Он 16 ноябри соли 1992 оғоз гардид ва 16 рӯз идома ёфт, 16 ноябр дар мамлакати соҳибистиқлоли мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Аз ин хотир мо барои пос доштани таърих ва ин санаҳои муҳим толорро рамзӣ бунёд кардем.

Калимаи зарандуд чӣ маъно дорад?

Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” маънои калимаи зарандуд чунин аст:   он  чизе, ки  ба  рўи  он  оби  тилло  давонда шудааст, зарҳалкоришуда ва зарнигор.

— Дар бораи толори «Гулистон» каме маълумот медодед.

— Ин толор (расмҳо) «Гулистон» ном дорад ва он дар ошёнаи дуюми «Кохи Наврӯз» ҷойгир аст. Масоҳати толор 1 650 метри мураббаъро ташкил  карда,  он пурра бо чӯб кандакорӣ карда шудааст.  Толор 45 метр дарозӣ, 36 метр паҳноӣ ва 18 метр баландӣ дорад. Дар ин толор санъати кандакории халқи тоҷик таҷассум ёфта, гувоҳи ҳунарманд будан ва  дорои  анъанаи бойи ҳунарҳои мардумии миллати мо мебошад. Дар «Кохи Наврӯз» тамоми корҳое, ки анҷом дода шудаанд, санъати миллӣ ва қадимаи тоҷикон мебошанд.

Мафҳуми калимаи гулистон дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” —  маҳалли  рўидан  ва парвариш  ёфтани  гулҳо,  боғи  гул,  гулбоғ; гулзор ва ҷои  ободу  сарсабз мебошад.

    — Толори дигар «Дидор» ном дорад?

     — Бале, ин толор (расмҳо)  «Дидор» ном дошта, дар ошёнаи 1 – уми кох ҷойгир аст. Толор 1108 метри мураббаъ масоҳат дошта, бо санъати вассаҷуфт, наққошӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ ва гаҷкорӣ дар рӯйи оина оро ёфааст. Тамоми гулҳо ва санъате, ки дар ин толор истифода  бурда шудаанд, нақши сирф тоҷикӣ буда, аз аҷдодонамон ба мо омада расидаанд.  Фарши толор  бо санги хоро ва мармар ороиш дода шуда, дар он низ пурра санъати миллӣ дарҷ гардидааст.

«Дидор» ном гирифтани ин толор низ рамзӣ аст?

-Бале, тавре дар боло зикр намудам, бино зимни баргузории ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ба истифода дода шуд ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ҳамин толор бо сарони давлатҳои аъзо ва нозири созмони мазкур дар фазои амну осуда ва дӯстию рафоқат дидору мулоқот намуданд.

Маънои калимаи дидор низ дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба ҳамин маъно омадааст: Дидор — дидан;  дидани  рўи  касе; мулоқот, вохўрӣ, аз дидори касе сер нашудан, ба  дидори  касе  муштоқ  будан.

— Толори дигар чӣ ном дорад?

— Толори дигар «Аржанг» ном дорад.  Аржанг  номи  китоби  Монӣ, ки сурат ва нақшҳои зебо доштааст, инчунин   сурат ва  лавҳаи  наққошӣ низ маънои ин калима мебошанд.

Масоҳати толор  1000 метри мураббаъ буда,  дар он зиёда аз 29 намуд сангҳои нимқиматбаҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 52 ҳазор килограмм истифода шудаанд.

— Якчанд намуди он сангҳоро номбар мекардед.

— Лоҷувард, лаъли кабуд, ақиқ, нефрит, оникс, яшми сабз, мармари сафеду сурх ва ғайра…

— Дар боло ишора кардед, ки дар ин толор сангҳо аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон истифода гардидаанд. Хусусият ва ё фарқияти яке аз онҳоро гуфта метавонед?

— Албатта.  Масалан як намуд санги мармар аз зери яке аз пиряхҳои азими Тоҷикистон, ки бо номи Пиряхи Федченко дар олам машҳур аст, дар кох истифода бурда шуд. Фарқияти санги мазкур  аз дигар сангҳои мармар дар он аст, ки вай ҳангоми нигоҳ кардан пурра сафед ва тоза намудор шуда, диққати касро ба худ ҷалб мекунад. Ин намуди санг дар Италия мармари караравӣ ном дорад, ки як метри мураббаи он зиёда аз 500-600 доллари америкоӣ арзиш дорад.

 

-Тасвирҳои толор чӣ?

— Чор расме, ки дар толор мавҷуданд, аз рӯйи асари Камолиддини Беҳзод, рассоми барҷастаи халқи тоҷик, ки дар асри  XV зиндагӣ ва фаъолият кардааст, бо санг тасвир карда шудаанд.

— Ташаккур, ки дар бораи чор толори асосӣ маълумоти пурра додед. Акнун бигӯед, ки дар «Кохи Наврӯз» боз чӣ гуна толорҳо мавҷуданд?

— Тавре гуфтам, кох дорои 15 толор мебошад. Ба ғайр аз чор толори асосие, ки дар боло муфассал гуфта гузаштам, боз чунин толорҳо мавҷуданд: толори боулинг, билярд, диско-клуб, кинотеатр 3D, 4D, 5D,   кофе брейк- хонаи интизорӣ, се толори дигар барои шахсони муҳим (VIP) ва тарабхонаи замонавии аврупоӣ.

— Бино таваққуфгоҳ дорад?

— Албатта.  Бо вуҷуди он, ки дар бинои «Кохи Наврӯз» чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳурияӣ ва минтақавию байналмилалӣ баргузор мегарданд ва дар як вақт имкони қабули 3200 меҳмон мавҷуд аст, мо мушкилоти танбашавии роҳро ба назар гирифта, дар таҳхонаи  бино таваққуфгоҳ сохтем. Дар он дар як вақт 250 мошин ҷойгир карда мешаванд.

Шояд ягон гуфтание доштед, ки ман напурсидам?

— Як чизи аз ҳама асосӣ он аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то анҷоми корҳои сохтмонӣ аз ин кох пайваста дидан намуда, барои беҳбудии кор, эҳёи таърих, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ тавсияҳо медоданд ва таъкид мекарданд, ки бигузор ин кохи муҳташам асрҳои аср ҳамчун ганҷинаи фарҳанг, таъриху тамаддун, расму оин ва ҳунармандии халқи тоҷик ба оламиён ёдгор монад. Яъне бо боварии комил гуфта метавонам, ки сармеъмори асосии Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

Март 30, 2018 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст