ҲАМВАТАНОН! ШОМИ ИМРӮЗ НАВРӮЗ МЕОЯД, БА ИСТИҚБОЛАШ БАРОЕД!

Март 20, 2018 15:27

ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯзи байналмилалӣ ба қаламрави Тоҷикистон, ки ҳамчун ватани Наврӯз унвон мегардад,  имрӯз, 20 март,   соати 21:15 вақти маҳаллӣ мерасад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори  Институти астрофизикаи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки ҳар сол рӯзи 20-ум ё 21-уми моҳи март зоҳиран барои мушоҳидачӣ аз замин Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз нимкураи ҷанубӣ ба нимкураи шимолӣ мегузарад.

Фосилаи вақт байни ду гузашти пайдарҳамии офтобро  аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ меноманд. Бинобар ин, соли нави астрономӣ аз ҳамин ходиса оғоз гардида, он ҳамчун ҷашни Наврӯз машҳур аст. Инчунин дар вақти гузаштани офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ баробаршавии шабу рӯз ба вуҷуд меояд.

Омадани лаҳзаи  гузаштани нуқтаи эътидоли баҳорӣ, ки рамзи фарорасии Наврӯз мебошад, дар минтақаҳои гуногуни замин фарқ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи вақтии 5-ум аз Гринвич ҷойгир аст, аз ин рӯ барои муайян кардани вақти маҳаллӣ ба вақти ҷаҳонӣ 5 соат ҷамъ карда мешавад.  Тибқи ҷадвали астрономӣ, ки дар муассисаҳои пешбари илмии ҷаҳон таҳия мешавад, соли 2018 рӯзи 20 март соати 16:15-и  вақти ҷаҳонӣ офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад. Дар ҳудуди Тоҷикистон  ин  ҳодиса рӯзи 20 март, соати 21:15-и вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ меояд, яъне

Наврӯз, ки  барои мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла, Тоҷикистон ҷашни бостонӣ ва соли нави хуршедӣ маҳсуб мешавад, шоми имрӯз ба Тоҷикистон мерасад.

Пас, биёед, ба истиқболаш бароем, зеро Наврӯз арзишмандтарин ҷашни мардумони ориёитабор  буда, саодати ҷаҳон дар Наврӯз нуҳуфтааст.

 

 

 

 

Март 20, 2018 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад