Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Тоҷикистон: «Сифати таълим бояд ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй бошад»

Март 14, 2018 10:19

ДУШАНБЕ, 14.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои бо ҷои кор таъмин намудани хатмкардагони равияҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, вазъи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи касбӣ ва омода намудани касбҳои коргарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муовини Сарвазир зикр намуд, ки ҷараёни бо ҷои кор таъмин намудани омӯзгорони ҷавон-хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат аз вазифаҳои асосии давлат ба шумор меравад. Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  талабот ба муаллимонро вобаста ба  фанҳои омӯзишӣ дар бозори меҳнати шаҳру ноҳияҳо муайян намуда, хулосаҳои асоснокро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, ҷараёни ба ҷойи кор фиристодани хатмкунандагони мактабҳои олӣ тамоюли устувори рӯ ба афзоишро нигоҳ медорад ва ин нишондиҳандаҳо соли 2013  85,1%,  соли 2014 91,5%,  соли 2015   95,3% ва  соли 2016-ум  95,6%-ро ташкил медиҳанд. Новобаста аз ин то 1 январи соли 2018 дар маҷмӯъ 3842 адад ҷойҳои корӣ дар соҳаи маорифи мамлакат боқӣ мемонанд. Махсус бояд зикр намуд, ки бо назардошти хусусияти калидӣ ва тақдирсоз доштани омодасозии муаллимон, таълими равияҳои омӯзгорӣ асосан аз ҳисоби давлат ройгон таъмин мегарданд. Вобаста ба ин ҷавонон бояд вазифадор ва ҳавасманд бошанд, ки ба ҷойҳои фиристодашаванда сари вақт ҳозир шаванд.

Омили бештар аз ин, сифати тахассуснокии омӯзгорони ҷавон  мебошад. Маҳз ҳамин нишондиҳанда барои ба таълими сифатнок фаро гирифтани ҷавонон ва тарбияи насли наврас- насли ояндасози миллату давлат ҳамчун муайянкунандаи асосӣ баҳогузорӣ мегардад.

Муовини Сарвазир Азим Иброҳим махсус таъкид намуд, ки “то замоне касби муаллимӣ дар ҷомеа мавқеи пурифтихортарин касб накунад, ба хатмкунандагони бофарҳанг, лаёқатманд ва донишманде, ки аксариятро ташкил кунанд, умед бастан мушкил аст”.

Муовини Сарвазир таъкид намуд, ки бешак, калиди ҳамаи музаффариятҳо ба сифати таълими хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон робитаи мустақим дорад ва замоне фаро расидааст, ки мо бояд вобаста ба талаботи имрӯзаи ҷомеаамон мутахассисони касбиро дар бозори дохилии мамлакат омода созем. Илм бояд бо истеҳсолот робитаи қавӣ дошта бошад, дар ин радиф мо масъулем, ки мутахассисҳоро вобаста ба талаботи замони муосир тайёр кунем, на ин ки шахсони дипломдори бесамарро. Ин нукта на танҳо ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ, балки ба ҳамаи соҳаҳои илму маърифат тааллуқ дорад.

Зикр гардид, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омӯзишу ба роҳ мондани касбу ҳунарҳои мардумӣ на танҳо барои ба ин касбҳо машғул шудани аҳолӣ дар минтақаҳо, инчунин дар муаррифии ҳунарҳои волои миллати тоҷик дар хориҷи кишвар низ мусоидат менамояд.

Дар интиҳои ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Март 14, 2018 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид