БОРИ АВВАЛ! Гўшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва «MITT» муаррифӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи намоишгоҳҳои «Экспосентр»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 25-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» ифтитоҳ гардида, то 15 марти соли равон давом мекунад.
Дар намоишгоҳи байналмилалии мазкур бори нахуст гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуда, онро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва осоишгоҳҳо зери шиори «Хуш омадед ба Ҷумҳурии Тоҷикистон — кишвари кӯҳҳои баланд ва дилҳои нарм!» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифӣ менамоянд.
Дар намоишгоҳ имкониятҳои васеи сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардию шикор ба иштирокчиён муаррифӣ карда мешаванд.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва «MITT» яке аз панҷ намоишгоҳи сайёҳӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар он ҳамасола аз 200 минтақаву кишварҳои ҷаҳон зиёда аз 2000 ширкатҳои алоқаманд ба соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои худро пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат менамоянд.
Қобили зикр аст, ки яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ-ин иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи мамлакат ба шумор меравад.
Мусоидати Ҳукумати ҷумҳурӣ барои иштироки ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ ба васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меоварад.











РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






