БОЗ ЯК ХУШХАБАР: дар Намоишгоҳи ҷаҳонии туристӣ дар Берлин минтақаи Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати 100 самти беҳтарини сайёҳӣ дар ҷаҳон ворид гардид!
ДУШАНБЕ, 09.03.2018./АМИТ «Ховар»/. 7 март дар ҳошияи Намоишгоҳи ҷаҳонии туристии Берлин -2018 маросими супоридани ҷоизаи «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи туризм дар соли 2018» баргузор гардид. Минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба ин садгона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси ором ҷои аввалро сазовор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия хабар доданд.
Ҷоизаи мазкур дар вазъияти тантанавӣ ба намояндаи Ассотсиатсияи экологию фарҳангии туризми ВМКБ Ситора Саодатқадамова супорида шуд. Тавре дар Сафорати ҶТ дар ҶФГ гуфтанд, «эътироф гардидани минтақаҳои кишвари биҳиштосои мо аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамчун беҳтарин маконҳои саёҳатӣ дар ҷаҳон боиси ифтихору сарбаландии миллату давлатамон мебошад. Ҳамзамон чунин ҷоизаҳо ва эътирофҳо барои ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон мусоидат хоҳад кард».
Хотиррасон менамоем, ки дар Намоишгоҳи ҷаҳонии туристии Берлин-2018 дар баробари гӯшаи расмии Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо шариконашон аз кишварҳои аъзои барномаи «Шоҳроҳи Абрешим» гӯшаҳои муштарак созмон дода, хатсайрҳои саёҳати минтақавиро ташвиқу тарғиб менамоянд. Бо назардошти таъриху фарҳанги кишварҳои минтақаи Осиёи марказӣ, ки умумиятҳо ва пайвандиҳои зиёд доранд, чунин тадбир имкони ҳарчӣ бештари ҷалби сайёҳони хориҷиро ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон ба вуҷуд меорад.










«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд






