Дар Душанбе Фестивали намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешавад

Март 1, 2018 15:54

ДУШАНБЕ, 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумиро баргузор менамояд.

Тавре аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, Фестивали мазкур 3 марти соли равон дар Маркази савдои Ашан гузаронида мешавад.

Дар он ҳунармандони асили тоҷик аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ҷамъ омада, маҳсули дастони худро ба намоиш мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин намоишҳо дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба пешрафту тараққӣ додани сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла  атласбофию адрасбофӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, чакандӯзӣ, шероздӯзӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, кордсозӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ, дуторсозӣ ва як зумра ҳунарҳои дигари мардумӣ, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд мекунанд, заминаи мусоид фароҳам меоварад.

 

 

Март 1, 2018 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад