Дар Намоиши баҳории ҳунармандӣ ҳунари волои ҳунармандон ба маъраз гузошта шуд

Март 3, 2018 12:25

ДУШАНБЕ, 03.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе Намоиши баҳории ҳунармандӣ  баргузор гардид.  Дар намоиши мазкур зиёда аз  120 нафар ҳунармандон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок намуда, ҳунари дастии худро ба маъраз гузоштанд.

Тавре намояндагони  Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз доштанд, мақсад аз баргузории  Намоиши баҳории ҳунармандӣ ин муаррифӣ намудани ҳунармандон, ҳунари дасти онҳо ва инчунин муаррифии таърихи бою рангини халқи тоҷик мебошад. Ҳамчунин  ба ин васила ҳунармандон метавонанд дар ин намоишгоҳ маҳсули дасти хешро ба фурӯш бароварда, сатҳи зиндагияшонро хубтару беҳтар гардонанд.

Тарроҳ Нигина Икромова  аз эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ изҳори хушнудӣ карда, зикр намуд, ки: «Боиси ифтихор аст ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандонро дастгирӣ намуда, соли равонро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон намуданд. Ин иқдом ба ҳунармандон имкон медиҳад, ки ҳунари худро боз ҳам сайқал дода, онро ба фуруш бароранд ва сайёҳонро аз таърихи халқу миллати бойи худ огоҳ созанд».

Ба гуфтаи Нигина Икромова   ӯ  то имрӯз ба зиёда аз 200 нафар ҷавондухтарон ҳунар омӯхта, пайваста дар ин гуна намоиш-фурӯши ҳунарҳои мардумӣ иштирок мекунад.

Номбурда ҳоло дар Намоиши баҳории ҳунармандӣ ҳамёнҳои дастӣ, либосҳои бо атлас омодашуда ва сабадҳоро ба намоиш гузоштааст.

Намоиши баҳории ҳунармандӣ  бо ташаббуси   Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ташкил шуда, он тайи ду рӯз,  аз соати 9:00 то 17:00 идома меёбад.

Март 3, 2018 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад