Дар шаҳри Душанбе Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид

Март 17, 2018 13:15

ДУШАНБЕ, 17.03.2018 /АМИТ«Ховар»/.  Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.    Дар мусобиқаи Дави наврӯзӣ, ки ба муносибати  Наврӯзи хуҷастапай гузаронида шуд, донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ба номи Саимуъмин Раҳимов  Дилшод Саидов ва Муборакшоҳ Саидамиров ғолиб  гардиданд.

Хотиррасон  менамоем, ки  ин мусобиқаҳои  варзишӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар Душанбе он  аз гардиши Товус то Наврӯзгоҳ (ба масофаи 3,5 км) сурат  гирифт.

Ғолибони ин мусобиқот бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Бояд зикр кард, ки  мусобиқоти мазкур баҳри оммавияти варзиш ва солимгардонии ҷомеа ҳамчун муждаи неку хуҷастаи ҷашни Наврӯз гузаронида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун мақомоти ваколатдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва рушду оммавияти он давоми моҳи март ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи хуҷастапай як силсила барномаҳои оммавӣ–варзишӣ, солимгардонӣ ва мусобиқаҳои варзишии дигарро низ ба нақша гирифтааст.

 

Март 17, 2018 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд