Дар шароити феълӣ мутахассиси ҳирфаӣ, навиштаи хуб ва ҳунари асил харидори худро доранд. Ба Рӯзи матбуоти тоҷик бахшида мешавад

Март 12, 2018 15:24

«Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон воситаи асосии таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисоси касбӣ ба шумор меравад».  

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 12.03.2018/АМИТ «Ховар»/. Ду сол муқаддам, дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик дар Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Академияи ВАО»-и Тоҷикистон созмон дода шуд. Дар ин росто директори муассисаи мазкур Зинатулло  ИСМОИЛЗОДА  дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ифтихори ҷомеаи журналистони Тоҷикистон аст, ки Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Дар рӯзи ифтитоҳи ин маркази омӯзишиву такмили касб — 1 марти соли 2016 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд ва бо ҳузури аҳли эҷоду таҳқиқ вазифаҳо, самтҳои фаъолияти муассисаи мазкур ва ВАО-ро дар маҷмӯъ мушаххас намуданд.

 АМИТ «Ховар»: Рисолати Академияи ВАО  аз чӣ иборат аст?

     З. Исмоилзода: Рисолати ин даргоҳ ба он нигаронида шудааст, ки кормандони эҷодиву техникии ВАО таҳсилу таҷриба омӯхта, аз навгониву имконоти соҳа дар шароити муосир огоҳ шаванд. Ин аст, ки машғулиятҳои омӯзишӣ ва дарсҳои маҳорати доирнамуда қолабиву нусхабардорӣ набуда, балки ба таври озод дар онҳо баҳсҳову масъалаҳои рӯз баррасӣ мешаванд. Дар ин даргоҳ завқу муроҷиати журналистонро ҳамеша ба инобат мегиранд ва тартиби баргузории омӯзишҳо низ дар заминаи ин майлҳову дар қолаби мувофиқат ба талаботи замон роҳандозӣ мешаванд. Муассиса бештар бо назардошти мушоҳидаву омӯзишҳо ва дархости идораҳои ВАО устодонеро барои таълиму тадрис ҷалб  менамояд, ки онҳо дар фазои иттилоотии кишвар ва берун аз он мақому нуфуз доранд. То имрӯз 179 нафар корманди ВАО-и  ҷумҳурӣ соҳиби шаҳодатномаи хатми машғулиятҳои омӯзишӣ  шудаанд.

АМИТ «Ховар»: Оё аз хориҷи кишвар барои баланд бардоштани маҳорати касбии журналистони тоҷик коршиносон даъват мегарданд? 

Исмоилзода: Бале, ҳатман. Соли гузашта барои тадрису табодули таҷриба ноиби Президенти Академияи Авруосиё, публитсисти шинохта Кипрас Можайка, дотсенти Донишгоҳи давлатии шаҳри Перми Россия Иван Печишев, муовини декани факултаи медиа ва коммуникатсияи Мактаби олии иқтисодии Федератсияи Россия Татяна Тихомирова ва намояндагони ширкатҳои овозадори «SONY»-и Япония ва «EVS»-и Белгия даъват гардида буданд.

Ҷанбаи дигари фаъолияти Академияи  ВАО ба вуҷуд овардани заминаи илми хос аст. Беҳтарин олимону публитсистон ва собиқадорони соҳаро ҷалб намуда, самтҳои наву замонавии таҳқиқношударо мавриди пажӯҳиш қарор додан мехоҳем. Дар назди Академияи ВАО замина ва пойгоҳи хоси пажӯҳишҳои илмӣ таъсис ёфта, мавзӯъҳои мубрами ниёз ба таҳқиқ мушаххас гардида, ба муҳаққиқону пажӯҳишгарони ҷавон пешниҳод мешаванд. Ҷалби олимону муҳаққиқон торафт бештар гардида, таҷрибаи журналистикаи пешрафтаи ҷаҳонӣ аз равзанаҳои мухталиф баррасиву таҳлил мегардад. Муҳимтарин мавзӯъҳо ва масъалаҳои рӯз ҳар сари чанд вақт тавассути ҳамоишу «мизҳои мудаввар»-и илмӣ муҳокимаву таҳлил гардида, маҳсули онҳо дар шакли маҷмӯаи алоҳида ба табъ мерасанд. Дар ин ҳамоишҳо аудитория низ фаъол буда, ба он журналистону донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон бештар ҷалб карда мешаванд. Чанде пеш ҳамоиши илмие дар мавзӯи «Публитсистикаи замони истиқлол» баргузор гардид, ки дар он доктору номзадҳои илм ва дигар собиқадорону унвонҷӯёни соҳа маърӯза карданд.

    АМИТ «Ховар»: Яке аз омилҳо ва пойдории устувори ҳама гуна марказҳои илмӣ- ин фароҳам овардани заминаи моддиву техникист. Дар ин самт Академияи ВАО чӣ тадбирҳо меандешад?

З. Исмоилзода: Имрӯз тавассути лоиҳаҳои махсус Академияи ВАО дастгоҳҳои замонавии сабти садову симоро (камераҳо, диктофонҳо, тахтаҳои электронӣ, компютерҳо) дастрас намуда истодааст. Академияи ВАО бо интернети баландсуръат таъмин буда, алоқамандон дар китобхонаи электронӣ донишҳои худро сайқал дода метавонанд. Китобхонаи Академияи ВАО ҳам мукаммал мегардад. Аз муаллифони алоҳидаву муассисаҳои илмиву таълимӣ адабиёти навтаринро дар китобхона ҷамъ оварда истодаем, то журналистону муҳаққиқон аз он самаранок истифода намоянд.

АМИТ «Ховар»: Зимни такмили маҳорати касбии журналистон  оё норасоиҳо ошкор мегарданд?

   З. Исмоилзода: Таҳқиқ ва таҷрибаи кӯтоҳ ҳангоми ҷалби журналистон барои такмили касб собит намуда истодааст, ки дар ин самт ҳанӯз норасоиҳо кам нестанд. Касбияти аксари журналистони ҷавон дар сатҳи паст қарор дорад ва журналистони нисбатан калонсол дар такмили таҷриба чандон завқманд нестанд. Омодагии ибтидоии журналистони ҷавон дар факултаҳои журналистӣ ба таври ҷиддӣ ба бознигарӣ ниёз дорад. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм зарур медонем, ки бояд на камтар аз 60 фоизи фанҳои давоми чор сол тадрисшаванда ихтисосӣ бошанд. Масъулон бояд огаҳ бошанд, ки факултаҳои журналистӣ моҳияти идеологии қавӣ доранд ва ягон соҳаи дигар чунин имкону иқтидору неру надорад. Дар ин самт танҳо заминаи дурусти кафолати бақову устувории идеологияи миллист. Мутаассифона, то ҳанӯз дар таълиму тадриси журналистшавандаҳо нақшаву қолабҳои шӯравӣ ба назар мерасанд. Донишҷӯ ба омӯзиши фанҳое сару кор мегирад, ки хеле кам ба ихтисоси ӯ робита доранд. Масалан, бояд омӯзиши фанни журналистикаи сиёсӣ дар қиёс бо фанҳои умумифалсафаву сиёсатшиносиву сотсиология ва амсоли он бамаротиб бештар бошад. Журналистикаи иқтисодӣ, варзишӣ, ҳарбӣ, техникӣ, тиббӣ ва дигар соҳаҳо дар шароити феълӣ зарурати бештар пайдо карда истодаанд. Фаҳмиши шӯравии «журналист-энтсиклопедист» акнун хеле кам ба кор меравад ва андармон кардани донишҷӯ ба фанҳое, ки танҳо вақти ӯро мегиранд, ҷоиз нест. Ҷаҳони имрӯза ҳаминро тақозо менамояд, ки журналист ҳарчӣ зудтар ба ҷараёнҳо ворид шавад. Таҷрибаву таҳқиқ  бозгӯи он аст, ки бисёр масъалаҳои марбут ба журналистикаро қаламкаши ҷавон  дар идораҳои гуногуни ВАО аз худ менамояд, ки ин раванд аллакай таъхир дар шароити ҷаҳонишавист.

АМИТ «Ховар»: Аз нигоҳи Шумо сатҳи таълим дар факултаҳои журналистӣ ба талаботи рӯз ҷавоб дода метавонад?

 З. Исмоилзода: Маврид ба зикр аст, ки омӯзгорони факултаю бахшҳои журналистӣ дар идораҳои ВАО бояд ҳатман ба сифати ҳамкор фаъолият дошта бошанд. Устоде, ки бо ВАО ҳамкорӣ намекунад, ӯ ҳуқуқи маънавии тадриси журналистони ҷавонро надорад. Ин нуктаҳоро дар робита ба он иброз менамоям, ки дар тренингҳо барои мо баъзан ошкор мешавад, ки хатмкардаҳои факултаҳои журналистӣ аз одитарин чизҳои ҷузъӣ огоҳ нестанд. Назарияву амалия дар робита қарор нагирифтааст. Журналистони ҷавон ба техникаву технологияи радио ва телевизион, дизайн ва ороиши рӯзнома, хусусиятҳои PR, сабку услуб ва дигар ҷанбаҳо пурра сарфаҳм намераванд. Аз ин рӯ, тадрис  дар факултаҳои журналистӣ ба таҷдид ва ислоҳот  ниёз дорад. Зеро дар шароити феълӣ мутахассиси ҳирфаӣ,  навиштаи хуб ва ҳунари асил харидори худро дорад. Журналистони тоҷик сарфи назар аз фаъолият дар шаклҳои гуногуни ВАО манфиатҳои миллатро дар нигоштаҳояшон муқаддам мегузоранд ва ваҳдати афкори солимро  пайгирӣ мекунанд. Дар ин росто дар  Академияи ВАО барои тадрису такмили касбияти намояндагони ВАО беҳтарин муаллифон даъват мешаванд ва омӯзиши чандзинаӣ дар рушду такомули касбӣ онҳоро роҳнамоӣ мекунад.

          Марзия  САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Март 12, 2018 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо ҳамоиш баргузор шуд
Дар Бохтар конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» оид ба танзими ҷашну маросим ҳамоиш доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ — ҚОНУНИ АСОСӢ ВА САРЧАШМАИ ҲУҚУҚӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конфронс доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, шанбе, 307-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 34-уми байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад