Дар Суғд масъалаи дубора фаъол гардонидани комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» баррасӣ гардид
ХУҶАНД, 02.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки солҳои наздик яке аз коргоҳҳои пуриқтидори мамлакат-Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон», воқеъ дар шимоли кишвар дубора фаъол гардад. Ин нукта дирӯз зимни мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори ширкати чинии «Ли Сзя Инвестмент» Ли Жангуан мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, зимни суҳбат Раҷаббой Аҳмадзода аз ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди корхонаҳои азими саноати кӯҳӣ ва истихроҷи маъдан ёдовар гардида, баён дошт, ки ҳоло бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар вилояти Суғд якчанд корхонаҳои саноатӣ бунёд гардидаанд. Дар ин радиф саҳми Ҷумҳурии мардумии Чин назаррас аст.
Роҳбарияти ширкати чинии «Ли Сзя Инвестмент» аз имкониятҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам гардида ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии худро барои дубора фаъол намудани Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» баён дошт.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз ҷониби мутахассисони чинии ширкати «Ли Сзя Инвестмент», ки имрӯз яке аз ширкатҳои маваффақ дар самти истихроҷи маъдан мебошад, ташхиси Кони Мансури шарқӣ ва Кони Мансури ғарбӣ гузаронида шуда, тибқи хулосаи мутахассисон, барои фоидаовар шудани корхона ҳаҷми истеҳсолот бояд 3 баробар зиёд ва истихроҷи маъдану коркарди он аз 500 ҳазор то ба 1,5 миллион тонна расонида шавад. Дар ин радиф, баҳри амалишавии иқдоми зерин навсозии таҷҳизоти корхона зарур буда, дар навбати худ он имкон медиҳад, ки дар Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» 1500 ҷойи кори нав ташкил гардад.
Хотирнишон бояд кард, ки Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон»-и шаҳри Гулистон аз соли 2013 инҷониб аз фаъолият бозмонда, корхона бо сабаби муфлисшавӣ ба тобеияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






