Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол як зина боло баромад

Март 16, 2018 11:32

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии футбол   рӯйхат ё  раддабандии нави дастаҳои мунтахабро нашр намуд. Дар ин раддабандӣ дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон як зина боло баромада, дар мақоми 124-ум ҷой гирифт.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳоло дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо касби 255 хол дар зинаи 124-ум қарор дорад.

Дастаи мунтахаби  Германия бо касби 1609 хол садрнишини ҷадвал мебошад. Дар зинаи дуюм дастаи мунтахаби Бразилия бо 1489 имтиёз ва дар ҷойи сеюм дастаи мунтахаби Португалия бо касби 1360 хол ҷойгир шудаанд.

 

Март 16, 2018 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид