ДАСТОВАРДИ НАЗАРРАСИ ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ТАБОБАТИ БЕМОРИИ СИЛ: нишондоди беморшавӣ то 25 дарсад ва фавт аз ин беморӣ то 50 дарсад коҳиш дода шуд

Март 30, 2018 10:35

ДУШАНБЕ, 30.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бемории сил нишондоди беморшавӣ  то 25 фоиз ва фавт аз ин беморӣ то 50 фоиз коҳиш дода шуд. Ин дастоварди беҳтарини мамлакат буда, он тибқи Нақшаи миллии стратегии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020  амалӣ гардид. Айни замон гирифторшавӣ ба бемории сил дар сатҳи ҷумҳурӣ 60,2 ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меояд ва фавт 3,5  нишондод мебошад.  Ин ҳолат дар муқоиса ба 10 соли пеш, ки нишондоди беморшавӣ 85 ба 100 ҳазор аҳолӣ  ва фавт 7,5 фоиз буд, хеле коҳиш дода шуд. Ин нуктаро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Аслиддин  РАҶАБЗОДА баён дошт.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ҳамасола  дар ҷаҳон зиёда аз 9 миллион нафар одамон гирифтори   бемории сил гардида, наздик  ба 1,5 миллион нафар бар асари  он   ҳалок мешаванд.  Бемории сил дар баробари ҳавфнок ва сироятӣ будан табобатшаванда низ мебошад. Тибқи маълумоти Ташкилоти  умумиҷаҳонии тандурустӣ, солҳои  охир дар ҷаҳон  паҳншавии бемории сил 1,5 фоиз ва  ҳалокат дар натиҷаи он аз 45 то 47 фоиз  коҳиш  ёфтааст.

Тавре А. Раҷабзода иброз дошт, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии аҳолӣ аз бемории сил, коҳиш додани шумораи беморон ва сари вақт ба табобат фаро гирифтани онҳо корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.

«Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бевосита Вазорати   тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  то имрӯз 3 барнома оид ба бемории сил амалӣ гардид. Ҳоло мо аз рӯи Нақшаи миллии стратегии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020 фаъолият дорем. Яке  аз роҳҳои беҳтари коҳиш додани бемории  сил- ин баланд бардоштани савияи огоҳии  аҳолӣ дар бораи паҳншавии ин беморӣ ва кӯшишҳои вобаста ба   нобудсозӣ, усулҳои пешгирӣ ва мубориза бо он мебошад. Чуноне ки маълум аст, бемории сил дар Тоҷикистон яке аз мушкилиҳои асосӣ ва самтҳои муҳими  фаъолияти тамоми низоми тандурустии кишвар мебошад. Аз ин рӯ бо дастгирии Вазорати   тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» ва шарикони рушд ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинару машваратҳо гузаронида мешаванд»,-изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Ҳоло дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ заминаи моддиву ташхисӣ пурзӯр карда шуда, тамоми гирифторони бемории сил  сари вақт дарёфт ва ба табобат фаро гирифта мешаванд. Тоҷикистон бо тамоми намудҳои доруҳои зиддисилӣ таъмин буда, барои табобати беморони сил ягон душворӣ  мавҷуд нест.  Ҳар  як бемор   метавонад, ки сари вақт дар ҷойҳои истиқомати худ  ба маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил муроҷиат намуда, бо доруҳои зиддисилӣ  тариқи ройгон таъмин гардад.

«Барои сари вақт дарёфт намудани бемории сил ва бартараф намудани он ба ҷумҳурӣ ҳамасола таҷҳизоти  муосир ва дорувориҳои зиддисилӣ ворид карда мешаванд.  Таҷҳизоти  воридгардида имконият медиҳанд, ки беморон сари вақт аз ташхис гузашта, ба табобат фаро гирифта шаванд. Соли  2017 барои чорабиниҳои зиддисилӣ зиёда аз 20 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетию инвеститсионӣ барои харидории дорувориҳо, асбобу таҷҳизот ва омўзиши мутахассисон масраф карда шуданд»,- зикр намуд директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки солҳои охир дар Тоҷикистон дарёфт ва бақайдгирии шаклҳои гуногуни мутобиқгаштаи бемории сил ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи  маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори 27 давлате, ки нишондодҳои баланди шакли мутобиқгаштаи силро доранд, дохил мебошад.
Реҷаи  табобати шаклҳои мутобиқгаштаи сил маблағи зиёд талаб менамояд. Аз ин рӯ ба гуфтаи мутахассисони соҳаи сил, зимни табобат дар баробари кормандони соҳаи тиб, инчунин саҳми худи беморони сил, аъзои оилаҳои онҳо баҳри муваффақона ба анҷом расонидани табобат назаррас мебошад, то бемор то лаҳзаҳои охирин табобатро идома дода, пурра аз ин беморӣ шифо ёбад.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза бар зидди бемории сил  аз соли 2015  амалӣ мегардад, ки дар коҳиш додани шумораи беморон ва фавт аз ин беморӣ нақши назаррас дорад.

Тавре мушовири  Барномаи ЮСАИД  оид ба масъалаҳои кор бо воситаҳои ахбори омма ва ҷомеа Насрулло Рамазонов иброз дошт, Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза бар зидди бемории сил  барои солҳои 2015-2019  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба нақша гирифта шуда, ҳадафи асосии он расонидани кумаки техникӣ, дастгирии барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Тоҷикистон, паст намудани сатҳи паҳншавии шаклҳои мутобиқгаштаи бемории сил, баланд бардоштани огоҳии мардум оид ба беморӣ ва инчунин  омӯзиши мутахассисони силшинос ва кормандони ғайритиббӣ оид ба бемории мазкур мебошад.

Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза бар зидди бемории сил панҷсола буда, маблағи  зиёда аз 13 миллион доллари ИМА- ро дар бар мегирад ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақият ва дастовардҳои зиёде ноил гардидааст.

«Ҳоло  бо ташаббуси Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ якчанд чорабиниҳо, ба монанди  ташкили гурӯҳҳои махсус дар кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ оид ба бемории сил, гурӯҳҳои дастгирии беморони сил ва мактаби беморон ташкил ва роҳандозӣ шудааст. Мақсад аз роҳандозӣ шудани гурӯҳҳои мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, беморони гирифтори сил ва аҳли оилаи онҳо мебошад. Зеро дар байни беморони сил ҳолати кандашавӣ аз табобат вуҷуд дорад ва ин ҳам бо сабаби паст будани сатҳи иттилоотонии худи беморон сурат мегирад. Аз ин рӯ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бемороне, ки  табобати амбулаторӣ мегиранд, гурӯҳҳои дастгирӣ ташкил карда шудаанд, то онҳо  аз табобат дур нашаванд»,- илова намуд Насрулло Рамазонов.

Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ҷаҳон донори асосӣ вобаста ба табобат ва пешгирии бемории сил  Амрико буда, он тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) амалӣ мегардад. Ҳоло кумакҳои бебозгашти ЮСАИД ба Тоҷикистон дар як сол ба ҳисоби миёна 30 миллион долларро ташкил медиҳанд, ки 30 фоизи он ба соҳаи тандурустӣ равона карда шудааст.

Ба иттилои мутахассисон, дар зарфи 15 соли охир- солҳои 2000-2015  дар ҷаҳон 33 миллион нафар одамон аз бемории сил фавтидаанд.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи феврал инҷониб  байни рӯзноманигорони ВАО озмуни  «Бемории сил табобатшаванда аст!» ҷараён дорад ва он то 31 марти соли равон идома меёбад. Озмуни мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID дар Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди бемории сил роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он беҳтар инъикос намудани роҳҳои пешгирӣ ва наҷот аз бемории сил мебошад.

 Холисаи АСОМИДДИН,

                                                                                   АМИТ «Ховар»

P.S. Сил бемориест, ки инсон аз он тавассути  бактерия сироят меёбад. Ин  беморӣ ҳангоми сулфа ё атса задани бемор тавассути сироятёбии ҳавоию қатравӣ паҳн мегардад. Гуфта шуд, ки сил бемории табобатшаванда буда, гирифтори он метавонад пурра шифо  ёбад. Сил бемории ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, бинобар ин, чораҳои ҷавобии ҷаҳониро тақозо менамояд.

Соли 1882 дар Германия Роберт Кох пас аз 17 соли кор дар озмоишгоҳ барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Бояд гуфт, ки  бемории сил аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст. Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои БС ниҳонӣ мебошанд.

Март 30, 2018 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст