«ХОНИШИ ПАРЛУМОНӢ». Вакилон сабук ва шаффоф гардонидани ҷараёни андозсупорӣ ва такмили низоми маъмурикунонии андозро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 15.03.2018/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ «Хониши парлумонӣ» дар мавзӯи «Сода, сабук ва шаффоф гардонидани ҷараёни андозсупорӣ ва вобаста ба он такмили низоми маъмурикунонии андоз» баргузор шуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султон хабар дод, аз рӯи масъалаи мазкур дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода сухан гуфт.
Мавсуф иброз намуд, ки дар асоси таҳлилҳо оид ба вазъи соҳибкории хурду миёна ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи ватанию хориҷӣ барои рушди истеҳсолоти саноатӣ, ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки дар он як қатор сабукиҳо ва имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардида, аллакай мақомоти андоз баҳри татбиқи амалии тадбир меандешанд.
Аз ҷумла, таҳвили (фурӯши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ ва маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуда, дар баробари он, аз пардохти андоз аз фоида, андози содакардашуда, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард, андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ба муҳлати 6 сол озод намудани корхонаҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи парранда ва чорво пешбинӣ карда шуд.
Зикр шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти андоз маъмурикунонии андоз ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010 тасдиқ гардида, амал дорад, ки мақсади он беҳтар намудани маъмурикунонӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ ва дар заминаи он таҳия ва мавриди амал қарор додани барномаҳои компютерӣ, такмили дониши касбии кормандон ва дар сатҳи замонавӣ анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба андозсупорандагон мебошад.
Аз ҷумла, моҳи январи соли 2018 шумораи субъектҳои хоҷагидоре, ки эъломияҳои худро ба мақомоти андоз дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд, 2010 адад зиёд карда шуда, дар натиҷа имрӯз бо истифода аз барномаи компютерии «Утоқи шахсии андозсупоранда» зиёда аз 61 580 нафар андозсупорандагон эъломияҳои худро бо тартиби мазкур пешниҳод намуда, ҷиҳати ба тартиби мазкур гузаронидани андозсупорандагони боқимонда чораҷӯиҳо идома доранд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






