ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Март 27, 2018 11:37

ДУШАНБЕ, 27.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Изҳороти беасоси фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ИМА дар Афғонистон генерал Ҷон Николсон дар мусоҳибааш бо ВВС  (23.03.2018), ки гӯё тавассути сарҳади Тоҷикистон ба Толибон силоҳ таъмин мегардад, боиси таассуф аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ машрӯъияти «Ҷунбиши Толибон»-ро эътироф накардааст ва бо ҷонибдорӣ аз ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Афғонистон ҳаргиз қаламрави худро барои иҷрои  чунин амалҳо, ки хилофи равишҳои бунёдии сиёсат ва мавқеи усулии кишвар дар масъалаҳои сулҳу амният аст, ба ихтиёри  кишварҳои дигар нагузоштааст», — гуфта мешавад дар изҳороти  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

Март 27, 2018 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд