Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.
Бино ба маълумоти манбаъ, ҳадаф аз баргузории озмун тақвият бахшидан ба рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунандаи ватанӣ, ҳамзамон муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Дар озмун ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаву ташкилотҳои хизматрасонӣ иштирок карда метавонанд. Ғолибони озмун имкон доранд, ки барои дарёфти ҷоизаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ширкат варзанд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






