Мафтуна Муродуллоева дар Олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ соҳиби Шоҳҷоиза шуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи Литсеи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд Мафтуна Муродуллоева дар Олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ, ки дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб доир шуд, соҳиби Шоҳҷоиза шуд.
Тавре сардори дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод, олимпиада 7 март бо иштироки 300 нафар наврасони донандаи арифметикаи аз 5 то 14-сола аз 9 кишвари дунё доир гардид. Тоҷикистонро дар олимпиада ҳашт нафар наврас аз шаҳри Хуҷанд муаррифӣ карда, як нафар бо Шоҳҷоиза ва дигарон бо мақомҳои гуногун ба Ватан баргаштанд.
Ҳамин тавр, ду хонандаи дигари синфи 8-и Литсеи физикӣ — математикии №1-и шаҳри Хуҷанд Сабрина Зиёбоева ва Ҷаҳонгир Усмонов дар ин олимпиада иштирок намуда, Сабрина мақоми аввал ва Ҷаҳонгир ҷойи 3-юмро ба даст оварданд.
Ҳамчунин Сумайя Ёдгорова аз мактаби хусусии Пулотов мақоми аввал, Азизҷон Саидов, хонандаи синфи 6 в-и мактаби хусусии «Файз» ҷойи сеюм, Наҷминисо Бобоҷонова, Комрон Бобоҷонов ва Диловар Абдуллоев аз литсеи политехникии шаҳри Хуҷанд мақомҳои дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






