МОНЕАИ САРҲАДӢ НАДОРЕМ ДИГАР… ДАВЛАТ САФАР: «Ташнагии чандинсола бо оби меҳру муҳаббат шикаста шуд»
ДУШАНБЕ, 12.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.
Ду дил, ки ба ҳам омаду ду даст ба ҳам,
Якҷост дигар ин ҳама дар шодиву ғам.
Эй хуш, ки раҳоӣ ёфт девор аз нам,
Сад уқда кушода гашт аз лутфу карам.
Дар масири ҷаҳонишавӣ ва тақозои ҷомеаи шаҳрвандӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои кушодро дар ҳама ҷабҳаҳои зарфиятсоз пешаи худ қарор дода, ҳамкориро дар самтҳои мухталиф рушду такомул бахшид. Дар ин ҷараён, тавсеа ёфтани гуфтугӯи тамаддунҳо обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардошт.
Моҳияти ташаббус ва пешниҳодҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар мисоли оби тоза ва ҳифзи муҳити зист, ки мақому манзалати ҷаҳониро касб кард, созмону ташкилотҳои байналхалқӣ ва институтҳои бузурги дипломатӣ, билохира башарият дарку эҳсос намуда, ба назари неки ояндаи дурахшони миллати тамаддунофари тоҷик эътимоди ҷиддӣ пайдо карданд. Дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шинохти раванди ҷаҳонишавӣ ва ҷараёни ташаббускорӣ бе шаку шубҳа дар мақоми пешсаф дар ҷаҳон эътироф шудааст. Дар қатори дигар мамлакатҳо, давлатҳои ҳамсояи мо бо чашми эътироф ва назари хушбинӣ дар ҳама самтҳо ҳамкориро рӯз то рӯз, зина ба зина вусъати тоза бахшиданд.
Рӯзҳои 9-10 марти соли равон сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Шоири шинохтаи тоҷик Давлат Сафар таассуроти худро аз оғози муносибатҳои неки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин баён дошт:
— Сафари мазкур ба муносибатҳои неки ҳамсоядории ду давлат- Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама ҷабҳаҳо заминаи устувор гузошт. Кушодашавии роҳҳои оҳану ҳавоӣ ва 10 гузаргоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон натиҷаи гуфтушунидҳои созандаи сарони ду давлати дӯсту ҳамсоя мебошад. Дар ин росто, бо ҷаҳду талошҳои ҳар ду ҷониб як зумра санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки аз ин иқдоми бузурги барои сайёра ибратомӯз мардуми ҳарду кишвар рӯҳияи нав гирифта, ташнагии чандинсолаи дили худро бо оби меҳру муҳаббат шикастанд.
Фараҳу шодмонии мардуми тоҷику ӯзбек дар оинаҳои нилгуни шабакаҳои телевизионӣ намеғунҷид. Хандаҳо дар чеҳраҳои халқи ташнадидор бо ашки шодӣ омезиш ёфта, ба ҷилва меомаданд. Тантанаи сулҳу дӯстӣ ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард. Гӯӣ бо оғӯши кушодаи ду миллати ҳамфарҳанг долу дарахтон, обу хоки диёр ва замину осмон ҳамоғӯш мешуданд. Дар радифи роҳҳои заминиву ҳавоӣ роҳи дилу ният ва уқдаву гиреҳҳои сарбаста кушода шуд.
Дар ин партав рӯҳи бузургони ду миллати тамаддунофар- Мавлоно Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ шод гардид:
Меҳр аст дигар ҳамеша ҷои дили мо,
Сад банд кушода шуд барои дили мо.
Ҷомӣ ба кафаш ҷоми фараҳ бигрифта,
Маст аст Навоӣ аз навои дили мо.
Нуқтаи авҷи баланди тантанаҳои сулҳу дӯстии ду миллати бародар барномаи консертии «Шоми дӯстӣ», ки рӯзи 9 март бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва аҳли ҳунари ҳарду ҷониб дар маҷмааи «Кохи Борбад» баргузор гардид, маҳсуб ёфт.
Дар оғоз роҳбарони ду давлат суханронӣ карданд, ки оҳанги гуфторашон саршор аз меҳру муҳаббати самимӣ буд. Баъди ироаи ҳар як ҷумлаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аҳли толор аз ҷой бархоста, самимона кафкӯбӣ мекарданд. Толори бузурги «Кохи Борбад» ба ларза меомад, нигоҳҳо сухан мегуфтанду чеҳраҳо мешукуфтанд. Чунин фазои тантанавӣ, ки моломоли эътимоду боварӣ ба дилу нияти кушодаи бахтофарин буд, ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Тамошобинон дар чеҳраи ду Сарвари муаззами Тоҷикистону Ӯзбекистон ояндаи неку дурахшонро медиданд:
Тоҷик зи ҷӯи дигаре об нахӯрд,
Ӯзбек ҳам аз сабр ба ҳар боб нахӯрд.
Кӣ арз намудааст, ки чархи фалак,
Аз рӯзи азал сӯи қафо тоб нахӯрд?
Барномаи консертии «Шоми дӯстӣ» аз ҷониби масъулин дар сатҳи баланди касбӣ таҳия шуда буд. Пешниҳоди суруду рақсҳои дилнишин бамавриду ифодагари фарҳанги баланди мардуми ба ҳам дӯсту бародар- тоҷику ӯзбек маҳсуб меёфт. Матну оҳанг тавъами ҳамдигар буданду самимияту садоқатро ба ишқу муҳаббат ва фарҳангу тамаддун баён медоштанд. Интихоби либосҳои ҳунармандон ва пасманзари (декоратсия) саҳна, ки наворҳояш мувофиқи ҳар суруду рақс таҳрезӣ шуда буд, маъниофарӣ мекарданд.
Маълум буд, ки масъул ва роҳбалади барномаи «Шоми дӯстӣ» дар доираи эҳсоси баланди миллӣ ва дарки ибратомӯзи ватандорӣ заҳмат кашидааст. Суруду мусиқиҳо чунон тавъам буданд, ки яке дигареро тақвият мебахшид ва фарогириро дар мавзӯъҳои гуногуни фарҳангӣ таъмин мекарданд. Наворҳои ҷолибу рангоранги саҳнаи пасманзар, ки бозгӯи таъриху тамаддун, сиёсату фарҳанг ва зебоиҳои табиати Тоҷикистону Ӯзбекистон буданд, рӯҳи тамошобиноро болида мегардонид.
Хулоса, масъулин ва таҳиягарони консерти «Шоми дӯстӣ» барномаеро ба намоиш гузоштанд, ки ҳамбастагӣ ва ҳамфарҳангии ду миллати ба ҳам дӯсту бародарро инъкос мекарду ба робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама ҷабҳаҳо заминаи устувори воқеӣ гузошт:
Ду навдаи як шохаи сабзем агар,
Монеаи сарҳадӣ надорем дигар.
Хоке, ки ба марзи Тоҷику Ӯзбек аст,
Боғе сабзид аз он, ки шуд боровар.
***
Дар кӯҳи мурод ганҷи Қорун будем,
Дарёи равони дашту ҳомун будем.
Донанд ҷаҳониён, ки аз рӯзи азал,
Дар чашми замон гӯшт ва нохун будем.
***
Чархи фалако, садқаи чархидани ту,
Бахт аст ба мо лаҳзаи хандидани ту,
Тоҷик ба ӯзбек кушодаст оғӯш,
Ӯзбек фараҳ бигирад аз дидани ту.
***
Дар решаи мо ҳазор «Хон»-у «Бек» аст,
Аммо ба сари оташи мо як дег аст.
Гуфтанд ниҳоли сабр аз хоки куҷост?
Гуфтам, ки зи марзи Тоҷику Ӯзбек аст.
***
Чархи фалакам қуфл зи кошона кушод,
Бар тоҷику ӯзбек дари хона кушод.
Шамъе рахшид агар зи рӯҳи Ҷомӣ
Аз рӯҳи Навоӣ бол парвона кушод.
Тожикистон ва Ӯзбекистон некбин муносабатларига атаб бағишланади
Икки дил бирлашди ушбу он-дамдан,
Иккиси баҳраманд шодлик ва ғамдан.
Хушдирки, йиқилди девору садлар,
Юзлаб қулф очилди лутфу карамдан.
***
Қорун ганжи каби оз, кӯпроқ эдик,
Дарёлари шодоб гил, туупроқ эдик.
Жаҳонликлар билсин азал кунданки,
Биз барча жабҳада эт, тирноқ эдик.
***
Эу, фалак чарх ургин, қочгин туришдан,
Дӯстлик тӯхтамайди ғам ӯт ӯришдан.
Қучоғин очибди тожик ӯзбекка,
ӯзбек фараҳ олгай уни кӯришдан.
***
Тожик ӯзга сувдан нӯш этмас ҳеч он,
ӯзбек ҳам ичмади, сабрдан ҳамон.
Ким арз қилибдирки бу чархи фалак,
Азалдан орқага қайтмайди дебон.
***
Илдизим кӯкарар юзлаб Хон, Бекдан,
Дӯстлик оши тушмас қозону дегдан.
Сабрнинг ниҳоли қайда ӯсгайдир,
Бу сабр ниҳоли тожик ӯзбекдан.
***
Фалакдан қуфлсиз кошона келди,
Тожик, ӯзбек сари нур—хона келди.
Жомийнинг руҳида шам ёнса агар,
Навоий руҳидан парвона келди.
***
Меҳр энди кетмас дил ҳавосидан,
Юзлаб қулф очилди роз—равосидан.
Жомий қӯлга олмиш фараҳ жомини,
Навоий маст бӯлмиш дӯст навосидан.
***
Бир шохнинг новдаси нурга тӯлибди,
Чегаралар аро юзлар кулибди.
Тожик ӯзбек халқи чегарасида,
Бир гулшану бир боғ барпо бӯлибди