Нахустин корвони мошинҳо дар рӯзи ифтитоҳи дарвозаҳои дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба самти Самарқанду Бухоро ба роҳ баромад!

Март 16, 2018 14:29

ДУШАНБЕ, 16.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст дар таърихи нави ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи 16 март корвони мошинҳои Маркази хизматрасонии нақлиётӣ дар соҳаи туризм ва ҷаҳонгардӣ дар назди ширкати «Рахш Таксӣ 3333» ва ширкати сайёҳии «Скай Тур» ба самти шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ба роҳ баромад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур бо ташаббуси ширкати «Рахш Таксӣ 3333» ва ширкати сайёҳии «Скай Тур» роҳандозӣ шуда, ба ҳайати корвон хабарнигорон, наворбардорон, коргардонҳо, роҳбарони ширкатҳои ватанӣ, муштариёни доимии «Рахш Таксӣ», «Скай Тур» ва дигарон шомил мебошанд.

 

Март 16, 2018 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад