ОГОҲИИ ОБУҲАВОШИНОСОН: боронҳои шадид ва раъду барқ эҳтимоли омадани селро дар пай доранд

Март 2, 2018 09:07

ДУШАНБЕ, 02.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносӣ аз якбора номусоид гардидани ҳавои ҷумҳурӣ, шиддатёбии борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфи зиёд хабар медиҳад.

Тавре аз Агентии мазкур  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар баъзеи дигар ноҳияҳо, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шиддатёбии вазиши бод аз ҷониби ғарб то 19-24 метр дар як сония дар назар аст.

Ба иттилои Агентӣ, дар натиҷаи боришоти зиёде, ки ба дарёҳои қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯ ҷорӣ мешаванд, баландшавии якбораи сатҳи об дар назар аст.

Дар робита ба ин гуна вазъи обу ҳаво сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» баён дошт, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд.

Март 2, 2018 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад