Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 09.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Душанбе омад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзои Ҳукумати мамлакат ва ротаи қаровули фахрӣ пешвоз гирифтанд.
Ин сафари аввалини Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Баъд аз чанд лаҳза дар Қасри миллат истиқболи расмии Президенти Ӯзбекистон доир мегардад. Дар назар аст, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамин рӯз дар Қасри миллат бо Шавкат Мирзиёев мулоқот намояд, ки дар ҷараёни он масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешаванд. Дар нимаи дуюми рӯз дар ҳамон ҷо гуфтушунидҳои намояндагони расмии ҳарду давлат бо ҳайати васеъ доир мегарданд, ки зимни онҳо беш аз 20 ҳуҷҷати нав оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.
Маълумоти муфассалро дар хабарҳои минбаъдаи АМИТ «Ховар» дастрас намоед.














Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Минск муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд






