Роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Сарвазири Венгрия мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Будапешт дар ҳошияи нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои «Чаҳоргонаи Вишеград» ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Сарвазири Венгрия Виктор Орбан 27 феврал роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Венгрияро муҳокима намуданд. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо ишора ба муносибатҳои самимӣ ва дӯстона байни роҳбарони ду давлат ҳавасмандии ҷониби моро ҷиҳати рушду тавсеаи равобити мутақобилан судманд бо Венгрия дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн таъкид намуд.
Махсусан зикр гардид, ки сафарҳои расмӣ ва кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Венгрия солҳои 2011 ва 2016 ба раванди густариши ҳамкории созанда ва доманадори дӯстӣ байни кишварҳоямон такони ҷиддӣ бахшид.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






