СОАТИ ПАРЛУМОНӢ: вакилони мардумӣ ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шароити ҷаҳонишавиро баррасӣ карданд

Март 1, 2018 12:32

ДУШАНБЕ, 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар ташаккули  миллати муосир ва ваҳдати миллӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳсуб мешавад,   имрӯз дар «Соати парлумонӣ» баррасӣ гардид.

Раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагон Абдураҳим Холиқзода гуфт, ки соли 2018 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Ҳадафи ин сол рушди сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ мебошад. Дар ин росто Ҳукумати мамлакат барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо менамояд. Ҳамзамон бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли равон фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд.

Зикр шуд, ки тоҷикон аз мардумони қадимии Осиёи Марказӣ буда, дар таърих ҳамчун миллати мутамаддин ва фарҳангофар эътироф гардидаанд. Миллати тоҷик дар ганҷинаи тамаддуни ҷаҳон бо ҳунарҳои  волои мардумӣ ва санъати дастӣ аз ҷойгоҳи арзишманде бархӯрдор аст. Мутаассифона, ин соҳаи маданияти моддӣ ва санъати мардумӣ, вобаста ба хусусияти мавҷудият ва фазои паҳншавию  талаботаш зарфи солҳои охир аз доираи таваҷҷуҳи ҷомеа дар канор монд. Бисёр унсуру намунаҳояш ба боди фаромӯшӣ рафтаанд. Инчунин раванди ҷаҳонишавӣ, ки ба фарҳангҳои миллӣ хатар эҷод мекунад, доираи истифодаю рушди ҳунарҳои мардумиро низ маҳдуд сохтааст.

Мавриди зикр аст, ки  маҳсули ҳунарҳои дастии мардумӣ ифодакунандаи завқ, рӯҳия, шуури таърихӣ, зебоипарастӣ, арзишофаринӣ, олами маънавӣ, қобилияти эҷодкунӣ  хотираи таърихии мардум ва муаррифи миллатанд. Дар ин росто иқдоми пешгирифтаи  Президенти мамлакат оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ибтикори зарурӣ барои ҳифзи сарвати гаронмояи миллат аст.

Дар «Соати парлумонӣ» олимон низ сухан карданд. Гуфта шуд, ки дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардида, мактабҳои омӯзиши онҳо ба фаъолият оғоз намудаанд. Дар ин мактабхо аз рӯи усули анъанавии миллии «устод-шогирд» шогирдон тарбия меёбанд. Инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва хусусияти онҳо аз тарафи муҳаққиқон  омӯхта шуда, мавриди таваҷҷуҳи донишмандон қарор доранд.

 

 

Март 1, 2018 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад