Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии “Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор”

Март 23, 2018 00:57

Муҳтарам ҷаноби Муовини Раиси Маҷмаи Умумӣ,
Муҳтарам Муовини Дабири кулл,

Пеш аз ҳама мехоҳам ба Шумо ҷиҳати таҳия ва ташкили чорабинии имрӯза оид ба масъалаҳои ҳамбастагии обу энергетика изҳори сипос намоям.

Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи  тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад.

Мо бар онем, ки гидроэнергетика омили муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо боқӣ мемонад.

Дар мисоли Тоҷикистон, ки дар он 95 фоизи неруи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ  истеҳсол  мешавад, вобастагии бевоситаи ин ду омили муҳимми рушди устувор  бараъло зоҳир мегардад.

Дар Тоҷикистон солона тақрибан 18 миллиард кВт. соат неруи барқ истеҳсол мешавад ва ин ҳамагӣ 3-4 фоизи иқтидорҳои мавҷудбудаи кишварро, ки ба 527 миллиард кВт. соат неруи барқ дар як сол мерасанд, ташкил медиҳад.

Аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз рӯйи тақсимоти онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар кишвари мо  масъалаи обтаъминкунии  як  қатор соҳаҳои иқтисодиёт аз ва мавҷудияти неруи барқ вобастагӣ дорад.

Бо дарназардошти робитаи қавӣ миёни ин ду соҳа, инчунин бо мақсади беҳсозии мудирияти давлатӣ, моҳи майи соли 2013 мо онҳоро зери сохтори ягонаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон муттаҳид намудем ва он бо роҳандозии идораи ҳамгироёна ва ҳавзавии захираҳои обӣ фаъолона машғул мебошад.

Муҳтарам хонумҳо ва ҷанобон,

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнергетикӣ мебошад, ҳамеша омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои алоқаманд, пеш аз ҳама бо кишварҳои ҳамсоя,  дар самти истифодаи самаранок, мутақобилан судманд ва оқилонаи захираҳои обу энергетика ба манфиати кулли кишварҳои минтақа изҳор медорад.

Азхудкунии муштараки ин иқтидори азим метавонад ба ҳалли фарогири як қатор масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.

Дар навбати аввал ин ба таъмини амнияти обӣ ва обтаъминкунии кафолатнок барои обёрии заминҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хушксолиҳо тавассути танзими бисёрсола ва мавсимии маҷрои об  дар обанборҳо, ҳамчунин ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба об, мисли селу обхезӣ, мусоидат мекунад.

Сониян, баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки минтақа бо қувваи барқи дастрас ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин шавад ва ҳамзамон барои татбиқи Ҳадафи ҳафтуми рушди устувор мусоидат сурат гирад.

Ахиран, истифодаи захираҳои гидроэнергетикии мамлакат инчунин ба коҳиши назарраси паҳншавии гази карбон дар атмосфера мусоидат мекунад.

Дар анҷоми суханронии худ мехоҳам изҳори умед намоям, ки чорабинии имрӯза дар мавриди муҳокимаи вобастагии мутақобил байни захираҳои об ва энергетикӣ, инчунин барои таҳияи тавсияҳои мушаххас оид ба истифодаи фарогир, оқилона ва устувори захираҳои табиӣ саҳми иловагии худро хоҳад гузошт.

Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.

Март 23, 2018 00:57

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ