Султон Раҳимзода: «Дар рӯзи оғози татбиқи ташаббуси нав Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз номи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об натиҷаҳои кори онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд»

Март 16, 2018 11:51

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз пас, 22 март дар шаҳри НюЙорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Рӯзи ҷаҳонии об чорабинии махсуси сатҳи баланд оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор мегардад. Даҳсолаи мазкур бо ибтикори Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории 177 мамлакати узви СММ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид.

Дар робита ба омодагӣ ба чорабинии мазкур,  ҳадафҳои Даҳсола, нақшаи чорабиниҳои он ва дигар самтҳои ин ташаббуси сатҳи ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об Султон РАҲИМЗОДА ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд ва чанде пас маросими оғози расмии Даҳсолаи мазкур баргузор мегардад. Мегуфтед, ки омодагиҳо ба ин чорабинии муҳим дар кадом сатҳ қарор доранд?

С. Раҳимзода: Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, 21 декабри соли 2016 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи навро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қабул намуд.  Ин ташаббуси чоруми башардӯстона ва мубрами Сарвари давлати мо аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ бо ҳаммуаллифии ҳамаи 177 давлати узви СММ бо иттифоқи оро қабул мегардад. Якдилона қабул гардидани  Қатъномаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаҳои марбут ба об, дар ҳақиқат, яке аз масъалаҳои муҳими рӯз буда, ҳалли онҳо барои ҳамаи кишварҳо ва дар маҷмӯъ ҷомеаи ҷаҳонӣ афзалияти аввалиндараҷа дорад.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани чорабиниҳо дар доираи Даҳсолаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва узвияти  роҳбарони вазорату идораҳои марбута Кумитаи тадорукот ташкил карда шуда, Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба омодагиҳо ба Даҳсола ва гузаронидани чорабиниҳо дар доираи он қабул гардидааст. Нақшаи мазкур доираи васеи чорабиниҳоро дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар бар мегирад. Як бахши муҳим ва асосии Нақшаи мазкур-ин баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсола мебошад, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст. Имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати омодагӣ ва баргузории ин чорабинии муҳими байналмилалӣ корҳои зиёде ба анҷом мерасонанд.

Дар баробари ин соли 2017 ва аввали соли 2018 барои муаррифӣ ва пешбурди ин ташаббуси башардўстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор корҳои зиёде анҷом дода шуда, мақсаду вазифаҳо ва аҳамияти ин ташаббус тавассути воситаҳои ахбори умум васеъ инъикос мешавад. Аз ҷумла, моҳи июли соли 2017 ва феврали соли 2018 бо ин мақсад ду ҳамоиши минтақавӣ бо иштироки олимону коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва дигар кишварҳои олам баргузор карда шуданд. Моҳи августи соли гузашта инчунин гўшаи Тоҷикистон таҳти унвони «Об барои рушди устувор» ва муаррифии ин ташаббуси нек дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар шаҳри Стокголми Шоҳигарии Шветсия доир карда шуд. Илова бар ин, 18 марти соли 2018 дар шаҳри Бразилияи пойтахти Бразилия Форуми 8-уми ҷаҳонии об оғоз мегардад, ки дар доираи он низ чунин як гўша барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои захира ва имкониятҳои бой дар соҳаи обу гидроэнергетика ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои глобалии Сарвари давлати тоҷикон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об, аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ташкил карда шудааст.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки дар оғози Даҳсола, ки ба 22 март рост меояд, дар ин ҷода кадом чорабиниҳо дар назар дошта шудаанд?

С.Раҳимзода: Бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Рӯзи ҷаҳонии об —  22 март дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк чорабинии махсуси сатҳи баланд баргузор мегардад, ки он, бешубҳа, чорабинии асосӣ ва муҳим дар ин ҷода хоҳад буд. Чорабинии мазкур бо даъвати Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва иштироки шахсони воломақом дар қароргоҳи СММ баргузор мегардад. Аз ҷумла, дар доираи он иштирок ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори ин иқдоми глобалӣ, Раиси Маҷмаи умумӣ ва Дабири кулли СММ дар назар дошта шудааст. Албатта, ҷаласа бисёр ҳам пуршукӯҳ хоҳад шуд, зеро барномаи он хеле васеъ ва ҷолиб таҳия карда шудааст. Аз ҷумла, дар ҳошияи он баргузор намудани ҷаласаҳои пленарӣ, мизҳои мудаввар, намоишгоҳи расмҳо ва намоишҳои видеоию равшаннамоӣ дар назар дошта шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар доираи он инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об натиҷаҳои кори Панелро ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳанд кард.

АМИТ «Ховар»: Ҳадафи асосии ташаббуси навбатӣ  (Даҳсолаи нав) дар чӣ аст ва он аз пешниҳодҳои қаблӣ чӣ тафовут дорад?

С.Раҳимзода: Тавре дар боло изҳор намудам, об яке аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии рушд ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ин хотир дар ҳуҷҷатҳои сатҳи ҷаҳоние, ки қабул гардидаанд, масъалаҳои марбут ба об ба таври васеъ дарҷ гардидаанд. Аз ҷумла, агар Ҳадафҳои Рушди Устуворро ба назар гирем, ҳадафи шашум пурра ба масъалаҳои об рабт дорад. Илова бар ин, Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим, Барномаи чорчӯбавии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ ба ҳалли мушкилоти марбут ба об афзалият додаанд. Яъне  дар натиҷаи талошҳои зиёд, аз ҷумла, тавассути он талошҳое, ки аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ анҷом дода шуданд, масъалаи об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намуд. Вале ҷиҳати татбиқи ин ҳадафҳо бояд механизмҳои амалисозии онҳо роҳандозӣ карда шаванд, ки Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» яке аз чунин палтформаҳои реалӣ барои мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар қисмати об ба ҳисоб меравад. Қатъномаи СММ дар бораи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 якчанд воситаро вобаста ба ин, аз ҷумла, зиёд кардани маблағгузорӣ, мубодилаи таҷрибаи беҳтарин, гузаштан ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқсозии барнома ва лоиҳаҳои навро дар самти об пешниҳод менамояд. Ва фарқияти ин пешниҳод аз ташаббусҳои қаблӣ дар он аст, ки он фарогиртар, васеътар ва умдатар мебошад. Зеро он бо рӯзномаи ҷаҳонии рушд иртиботи қавӣ дорад, аз он маншаъ мегирад ва дар заминаи ташаббусҳои қаблӣ асос меёбад. Ҳадафи асосии ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар ин самт, албатта, беҳтару бештар гардонидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили об мебошад ва мо имрӯз бемуҳобо гуфта метавонем, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир тавассути ташаббусҳои худ дар соҳаи об тавонистааст мавқеи обро дар ин рӯзнома мустаҳкам намояд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин масъалаҳо талошҳои худро зиёдтар кунанд.

         АМИТ «Ховар»:  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об зикр намуданд: «Ман итминони комил дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имкониятҳои Даҳсола васеъ истифода хоҳад кард ва дар ин давра шиддати мушкилоти марбут ба об ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт». Мегуфтед, ки  Даҳсола кадом имконҳоро фароҳам меорад?

С.Раҳимзода: Тавре маълум аст, Даҳсола як заминаи мусоидеро барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар қисмати об фароҳам меорад. Вобаста ба ин, Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки 14 март бо интишори санади ниҳоии худ таҳти унвони «Ҳар қатраи об дар ҳисоб аст: Рӯзнома барои амалҳо дар соҳаи об»  фаъолияташро анҷом дод, истифода кардани Даҳсоларо ҳамчун платформаи асосӣ барои муколамаҳои сиёсӣ, мубодилаи таҷриба, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавсия менамояд. Яъне маҳз яке аз имкониятҳое, ки Даҳсола фароҳам меоварад, ин муҳайё намудани платформаи нав барои муколамаҳои сиёсӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки чӣ қадар ки таваҷҷуҳи сиёсатмадорон, хусусан лидерҳои сиёсӣ ба масъалаҳои марбут ба об зиёд бошад, имкони ҳалли онҳо зиёдтар мегардад. Ва худи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об низ бо узвияти ҳамагӣ 11 сарони кишварҳо ва ҳукуматҳо ва коршиноси аршади сатҳи баланд бо ин мақсад таъсис дода шуда буд. Инҷо бояд зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти талошҳои пайваста ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рўзномаи ҷаҳонии рушд ва нуфузи баланд дар сатҳи байналмилалӣ аз аввалинҳо шуда, барои узвият дар ин Панел даъват шуда буданд. Имконияти дигар, тавре ки дар Қатъномаи СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-228 омадааст, ин рушди шарокат ва ҳамкорӣ мебошад, ки аз муҳимтарин омили ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об, хусуан дар сатҳи фаромарзӣ ба ҳисоб меравад. Албатта, Даҳсола инчунин аз кишварҳои узв даъват менамояд, ки маблағгузориро аз буҷаҳои давлатӣ зиёд намуда, барои ҷалби сармояи бештар ҷиҳати татбиқи барномаву лоиҳаҳои нав дар соҳаи об, инчунин гузаштан ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об талошҳоро дучанд намоянд. Вобаста ба ин аз давлатҳои чаҳон даъват карда мешавад, ки кумакҳои молиявӣ ба кишварҳои рў ба рушд ва камтараққикарда дар ин Даҳсола зиёдтар карда шаванд. Албатта, истифодаи ин имкониятҳо барои мамлакатҳое, ки мушкилоти зиёди марбут ба об доранд, дар ҳалли ин мушкилот саҳми назаррас хоҳад дошт.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки имрӯз бештар дар кадом мамлакатҳо мушкилоти марбут ба об ҷой доранд?

С.Раҳимзода: Мушкилоти норасоии об хоси бисёр кишварҳои дунё мебошад. Ҳатто дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад, минтақаҳои алоҳидае мавҷуданд, ки аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Ҳамин гуна дар тамоми давлатҳо минтақаҳои алоҳидае мавҷуданд, ки ба чунин мушкилӣ дучоранд, вале агар дар маҷмӯъ гӯем, ин ҳолат бештар дар минтақаҳои Африқо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба назар мерасад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҳолатро ба назар гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки таваҷҷуҳ дар ин самт ва ба ин кишварҳо зиёдтар бошад. Аз ҷумла, дар қитъаи Африқо якчанд механизмҳову ташаббусҳо роҳандозӣ шудаанд, то ки дар ҳалли ин масъала мусоидати бештар карда шавад. Ба ҳамин тарз дар дигар мамлакатҳо низ аз ҷониби ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барномаҳои алоҳида тарҳрезӣ карда шудаанд ва мавриди татбиқ қарор доранд. Дар ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ “Барномаи давлатии беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020” мавриди амал қарор дорад, ки мақсади асосии он таъмин намудани аҳолии мамлакат бо оби нӯшокӣ мебошад. Ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур лоиҳаҳои зиёде бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд амалӣ карда мешаванд. Бо назардошти он, ки муҳлати анҷоми барномаи мазкур пеш омада истодааст, мо аллакай корҳоро ҷиҳати таҳлили пурраи раванди иҷрои он оғоз карда, барои таҳияи чунин як барномаи нав то соли 2030 иқдом гирифтем.

АМИТ «Ховар»: Оё барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи об ягон барнома ё стратегияи минтақавӣ ё байналмилалӣ амал мекунад?

С. Раҳимзода: Бале, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи об дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ механизмҳои зиёд мавҷуданд. Аз ҷумла, дар сатҳи байналмилалӣ ҳуҷҷатҳое ҳастанд, ки ин масъаларо ба танзим медароранд, ё ин ки ҳадафҳоро муайян мекунанд. Муҳимтарини онҳо, ки вақтҳои охир қабул гардидаанд, дар қисмати муайянсозии ҳадафҳои стратегӣ ва дарозмуҳлат Рўзномаи рушд барои давраи то соли 2030, ки тибқи он Ҳадафҳои Рушди Устувор қабул гардидаанд, Созишномаи иқлимии Париж ва Барномаи чаҳорчӯбавии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо мебошанд. Вале, асосан ҳамкорӣ вобаста ба об дар сатҳи минтақавӣ ва ё дар сатҳи ҳавзаи дарёҳо ба роҳ монда мешаванд. Аз ҷумла, дар Осиёи Марказӣ механизмҳои институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ мавҷуданд, ки яке аз онҳо Созишномаи байни ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба истифодаи обҳои дарёҳои байнидавлатӣ мебошад, ки соли 1992 ба имзо расидааст. Тибқи созишномаи мазкур, Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии об ташкил ёфтааст, ки муносибатҳои байни мамлакатҳои Осиёи Марказиро оид ба истифодаи об аз ҳавзаи дарёҳои Сир ва Аму ба танзим медарорад. Соли 1993 Фонди байналмилалии наҷоти Арал таъсис дода шуд, ки ҳамаи  мамлакатҳои Осиёи Марказӣ узви он мебошанд. Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии об ва боз як Комиссияи дигар — Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ба ҳайати Фонди байналмилалии наҷоти Арал ворид карда шудаанд ва имрӯз Фонди мазкур бо ин комиссияҳо ва дигар ташкилотҳои зертобеаш ҳамчун механизми ягонаи институтсионалӣ дар Осиёи Марказӣ вобаста ба масъалаҳои об корбарӣ мекунад.

АМИТ «Ховар»: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ?

 С. Раҳимзода: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар пешбурди сиёсати масъалаҳои марбут ба об ташаббускор мебошад, ҳамкориро дар ин самт яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати худ қарор додааст. Ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об ва энергетика дар Осиёи Марказӣ ҷонибдори ҳамкорӣ мебошад ва ҳалли ин масъаларо танҳо бо роҳи ҳамкории судманди дуҷониба ва бисёрҷониба ва бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа мебинад».

Маҳз ба ҳамин хотир, дипломатия дар соҳаи об ҳамчун яке аз бахшҳои асосӣ ба Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Зикр гардидани ин нукта дар ду ҷаласаҳои сатҳи олии байнидавлатӣ моҳи март миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин нишасти якҷояи Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона бори дигар аз ин сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлати тоҷикон шаҳодат медиҳад.

 АМИТ «Ховар»: Чун дар арафаи оғози Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қарор дорем, дар ин хусус шояд гуфтание доред?

С. Раҳимзода: Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ташаббусҳои неку башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар арсаи байналмилалӣ соҳиби нуфузи баланд ва мақоми хосса гаштааст. Ин моро водор месозад, ки талошҳои худро барои боз ҳам баланд бардоштани обрўву эътибори мамлакат ва Сарвари давлатамон дар сатҳи ҷаҳонӣ дучанд намоем. Албатта, дар ин ҷода корҳо бояд ҳам дар сатҳи миллӣ, ҳам дар сатҳҳои минтақавию ҷаҳонӣ боз ҳам суръат бахшида шаванд. Чуноне ки дар боло иброз доштам, моҳи июни соли равон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 шаҳри Душанбе мизбони боз як ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд мегардад ва ман итимони комил дорам, ки дар ҳамҷоягӣ ин чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор карда шуда, натиҷаҳои он ҳам барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва ҳам барои боз ҳам баланд гаштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.

Дар фарҷом мехостам тамоми сокинони мамлакати соҳибистиқлоламонро бо Рўзи ҷаҳонии об ва оғози боз як ташаббуси неки ҷаҳонии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки ба рӯзҳои таҷлили Наврўзи байналмилалӣ рост омад, бо таманниёти нек табрик намоям.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

Март 16, 2018 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол гардид
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок доранд
Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд