«ТОҶИКИСТОН – БИҲИШТИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ». Таҳти ин унвон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии туристӣ дар Берлин гӯшаи Тоҷикистон боз шудааст
ДУШАНБЕ, 08.03.2018./АМИТ «Ховар»/. 6 марти соли равон дар маҷмааи намоишгоҳҳои шаҳри Берлин, пойтахти Ҷумҳурии Федеративии Германия, маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи ҷаҳонии туристии Берлин-2018 баргузор гардид. Дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Тоҷикистон дар Германия Маликшо Неьматов иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз сафорати ҶТ дар ҶФГ хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ Канслери Олмон хонум Ангела Меркел ва дигар шахсони расмӣ дар назди иштирокчиён, ки намояндагони беш аз 170 кишвари олам буданд, бори дигар аз муҳимияти соҳаи сайёҳӣ ва саҳми ин соҳа дар иқтисоди миллии кишварҳои ҷаҳони имруза ва ба ин васила ба шуғл фаро гирифтани миллионҳо нафар мардумони оламро таъкид намуд.
Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ дар кори намоишгоҳи ҷаҳонии Берлин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон беш аз 30 нафар аз 16 ширкатҳои сайёҳии кишварамон дар гӯшаи «Тоҷикистон — биҳишти сайёҳати экологӣ» имкону захираҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ хоханд кард.
Гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон «Тоҷикистон — биҳишти сайёҳии экологӣ»-ро 7 март муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ифтитоҳ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2008 бахши сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ, ки таҳти васояти Созмони Ҷаҳонии Туристӣ ташкилу гузаронида мешавад, фаъолона иштирок менамояд. Саҳми ин намоишгоҳ дар ташвиқу тарғиби имкониятҳои сайёҳии кишварамон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон хеле бузург аст.
Дар заминаи сиёсати «дарҳои кушод»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ намояндагони соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро бо тарҳи нав ва унсурҳои миллӣ, ки инъикосгари захираҳои бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиии кишвар мебошад, таъсис додаанд. Ин гӯша рӯзҳои 7-11 марти соли 2018 дар калонтарин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ҷаҳон «ITB-Берлин» Тоҷикистон вка имкониятҳои сайёҳии онро ба дӯстдорони сайру саёҳати ҷаҳон муаррифӣ менамояд.











РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






