Тоҷикистон яке аз кишварҳои дӯстдоштаи сайёҳони Россия гардид!

Март 27, 2018 15:35

ДУШАНБЕ, 27.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 раддабандии  кишварҳои сайёҳии хориҷиро таҳия карда, кишварҳои барои сайёҳони Россия маъруфтарини сайёҳии хориҷиро дар соли 2017 муайян намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 50 кишвари хориҷии барои сайёҳони Россия маъруфтарин /ТОР-50/ ворид гардид.

Бино ба маълумоти «ТурСтат», соли 2017 шумораи сафарҳои хориҷӣ аз Россия ба Тоҷикистон 116 ҳазорро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2016 5 дарсад зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, соли гузашта сайёҳони рус тақрибан 40 миллион саёҳати хориҷӣ анҷом додаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2016 25 дарсад зиёд мебошад.

Кишвари маъруфтарини сайёҳии хориҷӣ барои сайёҳони рус соли 2017 Туркия гардид. Пас аз он Абхазия, Финландия, Қазоқистон, Украина, Чин, Эстония, Полша, Германия ва Таиланд қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи 40 ишғол карда, аз чунин кишварҳо, ба монанди Норвегия, Шведсия, Дания, Венгрия, Қатар, Белгия, Япония, Гонконг, Сингапур ва Малдив пеш гузаштааст.

Дар раддабандӣ ҷойи охирро Португалия ишғол намудааст.

Март 27, 2018 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад