«ВАРЗИШ»-МУАРРИФИ МИЛЛАТ АСТ. Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» 2-сола шуд
ДУШАНБЕ, 1.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» дусола шуд. 1 марти соли 2016, дар арафаи таҷлили Иди миллӣ- 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғози фаъолияти телевизиони «Варзиш» асос гузоштанд. Шодию нишоти миллионҳо нафар мухлисону дӯстдорони варзишро ҳадду канор набуд. Мушкилии асосие, ки дар замони истиқлолият дар ин самт вуҷуд дошт, дар як лаҳза ҳал гардид. Имрӯз дар қатори шореҳони ботаҷриба, дар ин телевизион гурӯҳи ҷавонон бо ҷидду ҷаҳди зиёд фаъолият доранд ва кори он бо маром пеш меравад. Вобаста ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини якуми директори Телевизиони «Варзиш» Парвиз НОРОВ мусоҳиб гардид.
«Ховар»: Шумо ва кормандони шабакаи телевизиони «Варзиш»-ро бо 2-солагӣ табрик мегӯем. Бигӯед, ки ТВ «Варзиш» дар ин ду сол чӣ бурду бохте дошт?
Парвиз Норов: Имрӯз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи кори Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» қарор доранд. ТВ «Варзиш» дар тўли фаъолияти худ барои бинандагон барномаҳои баландмазмуни варзишӣ таҳия намуда, чорабиниҳои мухталифи варзишӣ, мусобиқа ва чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пешкаши бинандагон гардонидааст. Воқеан вақте ки ду сол пеш Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» таъсис ёфт, ин нахустин шабакаи саросарии Тоҷикистон бо формати дақиқияташ баланди HD буд, ки сирф мавзӯоти варзиширо дар бар мегирифт. Ин аввалин телевизиони махсусгардонидашуда, яъне махсус ба варзиш бахшидашуда мебошад. Қаблан дар Тоҷикистон фазои иттилоотии соҳаи варзиш холӣ буд ва ба таври зарурӣ ташнагии мухлисони он қонеъ намегардид. Мардум аз ҷараёни ҳунарнамоии варзишгарони мо дар дохил ва хориҷ хеле кам огаҳӣ пайдо мекарданд. Ҳоло ҳамватанони мо имкон доранд, ки аз ҷараёни ҳунарнамоии варзишгаронамон аз бузургтарин варзишгоҳу толорҳои дунё мустақиман гузоришҳоро бо забони ноби тоҷикӣ тамошо кунанд.
Бори аввал дар таърихи телевизионҳои давлатӣ Муассиса ҳуқуки расмии пахши мусобиқаҳои варзиширо, аз қабили Лигаи чемпионҳо, Лигаи Аврупо, Чемпионати Англия оид ба футбол, Ҷоми Амрико Сентенарио-2016 , Ҷоми Аврупо-2016, Бозиҳои тобистонаи олимпӣ –Рио -2016, Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ расман ба даст оварда, пахши онро дар эфири шабака ба роҳ монд. Дар ин муддат Муассиса бо Созмони умумиҷаҳонии дзюдо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, тибқи санади мазкур ҷомҳои байналмилалиро оид ба ин намуди варзиш мустақиман пахш кард, ки дар он дзюдочиёни мо иштирок карда, натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардиданд.
«Ховар»: Оё ҳамаи ҳадафҳое, ки дар назди ТВ «Варзиш» гузошта шуда буданд, иҷро гардиданд?
Парвиз Норов: Яке аз ҳадафҳои таъсиси ин шабака тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш мебошад. Умедворем тариқи инъикоси мусобиқоти варзишии дохилӣ ва байналмилалӣ, барномаҳои махсуси худ вобаста ба мавзӯъҳои гуногуни варзишӣ бо забони тоҷикӣ каме ҳам бошад, дар ин раванд саҳмгузор бошем. Ҳарчанд ибтидои кор бе камбудӣ набуд, вале бо мурури замон он ҷавононе, ки нав ба кор омада буданду мустақиман паси микрофон нишаста, раванди мусобиқаҳоро шарҳ медоданд, таҷриба андӯхтанд.
Феълан бинандагони мо тариқи зангҳои телефонӣ борҳо аз мо хоҳиш мекунанд, ки тамоми мусобиқаҳои байналмилалиро бо шарҳи тоҷикӣ тамошо кунанд. Тарғибу ташвиқи дастовардҳои варзишгарони тоҷик тавассути ТВ «Варзиш» дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, иштирок ва муваффақиятҳои онҳо ба таври васеъ дар барномаҳои мухталифи ТВ «Варзиш» инъикос мегардад. Барномаву лоиҳаҳои нав пайваста рӯи кор омада истодаанд, ки ҳадафҳои аслии моро пайгир мебошанд. Наметавон дар муддати кӯтоҳ ҳамаи ҳадафҳоеро, ки ТВ «Варзиш» назди худ гузоштааст, амалӣ кард. Лекин фикр мекунем, ки муваффақияти мо бештар аст.
«Ховар»: Имрӯз Телевизиони «Варзиш» барои ҳамаи тамошобинон дастрас аст? Онро чӣ қадар тамошобинон мебинанд?
Парвиз Норов: Дар мавриди ҳамкорӣ бо тамошобинон хотиррасон бояд кард, ки аз замони таъсис сомонаи интернетии муассиса фаъол аст ва дар он хабару маълумотнома оид ба Муассиса, аз ҳама муҳим, пахши мустақими Шабака ба роҳ монда шудааст. Саҳифаи Муассисаи мо ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, “Фейсбук” ва “Одноклассники” хеле фаъол мебошад. Дар онҳо барномаҳои телевизион ба манзури ом гузошта шудаанд. Бинандагон ҳамарўза аз гўшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он дар ин саҳифаҳо фикру андешаҳои худро нисбат ба барномаҳои мо баён медоранд. Мувофиқи маълумоти сомонаҳо, телевизиони мо дар хориҷи кишвар бинандагони зиёд дорад. Аз ҷумла, шабакаи моро дар давлатҳои араб, кишварҳои ҳамсоя- Афғонистон ва Ӯзбекистон, Қирғизистон, Мисру Яман ва Ироқ тамошо мекунанд.
«Ховар»: Телевизиони Тоҷикистон ва “Сафина” ҳам ба пахши рақамӣ гузаштанд ва ҳоло онҳоро тавассути телевизорҳои одӣ тамошо карда мешавад. Чаро пахши ТВ «Варзиш»-ро ба ҳамин зайл ба роҳ мондан мумкин нест?
Парвиз Норов: Аввалан шабакаҳои “Тоҷикистон”, “Сафина” ва дигар шабакаҳои телевизионӣ, ки қаблан ташкил шудаанд, бо пахши аналогӣ фаъолият мекарданд. Аз ин рӯ дар телевизорҳои оддӣ то ҳоло пахши аналогии онҳо фаъол аст. Телевизиони «Варзиш» аз қадамҳои аввалин дар формати рақамӣ ва дақиқияташ баланди HD фаъолияташро ба роҳ монда буд. Бинобар ин пахши аналогӣ, ки айни замон бо назардошти рушди техника ва технология аз байн рафтанаш ба миён омадааст, зарурат надорад.
«Ховар»: Имсол соли бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол аст ва инъикоси ин мусобиқотро ТВ «Варзиш» дар кадом сатҳ ба роҳ мемонад?
Парвиз Норов: ТВ «Варзиш» тасмим дорад имсол бозиҳои марҳилаи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футболро мустақиман пешниҳоди дӯстдорони варзиши рақами 1-и сайёра гардонад. Дар ин бора шартномаи зарурӣ бо ширкатҳои дахлдор ба имзо расидааст. Ҳамзамон иқдом гирифтаем, ки зимни баргузории Чемпионати ҷаҳон гурӯҳи кории худро барои инъикоси ҷараёни он ва омоданамоии гузоришу нашрҳои хабарӣ ба Россия сафарбар намоем.
«Ховар»: Барномаҳои беҳтарин ва нақшаҳои ояндаи роҳбарияти ТВ «Варзиш» чӣ гунаанд?
Парвиз Норов: Дар мавриди барномаҳои беҳтарин хубтар мебуд аз худи бинандагон бипурсед. Бигзор мухлисон фаъолият ва барномаҳои моро баҳогузорӣ кунанд. Муассиса соли равон як қатор лоиҳаҳои ҷадидро пиёда карданист. Медонем, ки соли 2020 дар кишвари Япония Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор мегарданд. Варзишгарони мо барои роҳхат гирифтан ба ин мусобиқаи байналмилалӣ омодагӣ гирифта истодаанд. Вобаста ба ин лоиҳаи “Роҳ ба Токио- 2020”–ро рӯйи кор овардаем, аллакай чанд шумораи ин барнома манзури бинандагон гардиданд.
Соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Мо лоиҳаи “Харитаи сайёҳӣ” –ро роҳандозӣ кардем, ки рӯзҳои наздик пешниҳоди бинандаҳо мегардад. Аслан нақшаҳои мо вобаста ба рӯйдодҳои варзишии дохилӣ ва хориҷӣ шакл мегиранд. Мақсади асосии мо ҳам он аст, ки мухлисони худро аз тамоми рӯйдодҳои ҷаҳони варзиш огоҳ созем. Дар ин раванд боз кӯшиш хоҳем намуд, ки фарҳангу миллати худро ба ҷаҳониён нишон диҳем, зеро шиори мо «Варзиш»- муаррифи миллат аст» мебошад.