ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Март 9, 2018 11:53

ДУШАНБЕ, 09.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак чанде аз онҳоро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

 Ошкор гардидани роҳзанӣ ва куштор

6 марти соли равон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини кӯчаи 40-солагии Октябри шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ ва куштор дастгир карда шуд.

Номбурда 9 январи соли 2001, дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ марди 52-солаи сокини кӯчаи У.Хайёми пойтахтро, ки ба фаъолияти иваз намудани маблағҳои асъори хориҷӣ машғул будааст, бо воситаи корд ба қатл расонида, 3000 доллари амрикоиро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Боздошти гумонбар дар 30 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ бо зарари зиёда аз 500 000 сомонӣ

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани зиёда аз 30 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ, ки ба шаҳрвандон зиёда аз 500 000 сомонӣ зарар расонидааст, шаҳрванд Ҷангиев Сайғуфрон Асланбекович, соли таваллудаш 1981, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзодаро, ки қаблан панҷ маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ маҳбасӣ гардидааст,  дастгир намуданд.

Номбурда ҷиноятҳои дуздиро шабона ва бо дастпӯшу мурваттоб бо  маҳорати махсус содир мекард. Аз ҷумла, аввалҳои моҳи январи соли 2017 дастгиршуда шишаи тирезаи мошини шаҳрванд Илҳом Мирсаидовро, ки дар кӯчаи Алишер Навоӣ дар назди манзили истиқоматияш беназорат меистод, шикаста, 4680 доллари ИМА ва дигар ашёи пурарзишро тасарруф намудааст. Гумонбаршаванда бо содир намудани ин кирдори ҷиноятӣ ба ҷабрдида бо асъори миллӣ наздики 40 ҳазор сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.

Боздошти ноқилдузд дар ноҳияи Мастчоҳ

Ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мастчоҳ аризаи роҳбарияти «Шабакаи барқии Суғд» ворид шудааст, ки 28 феврали соли 2018, тахминан соати 22:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз симчӯбҳои барқии «ХИБ-500Кв», воқеъ дар мавзеи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи мазкур ба масоҳати 1320 метри квадратӣ ноқилҳои тамғаи АС-400мм-ро, ки арзишашон 38 ҳазору 456 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

 

Март 9, 2018 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад